Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҷаб не, каси дигар аз неши забон ва суханҳои заҳрогину сермурчу қаланфури вай пўст партояд, вале ў…
таъсире намегирад, хапу хамўш гўш меандозад ва ҳикояти дилангезе шунидагӣ барин қаноатмандона табассум мекунад.
– Барои чӣ ин тавр– а? – ба Ҳайрат, ки дулунҷа нони қоқ мехоид, рўй овард А. А., – шояд вай касро чоду кунад?
– Не, Меҳрӣ ҷодугар нест, – луқмаи нон дар гулўяш монда, ҳадаҳа пиёлаи чойро ба даҳон бурд Ҳайрат. – Ин аз он сабаб аст, ки ту гапро намефаҳмӣ.
А. А. ранҷид.
– Гапро намефаҳмам? Ман– а!
Ҳайрат ба ҳолати ў эътибор надод.
– Ҳа, ту… се рўз аст мегўям, ки ман бепулам, маро ба ягон ошхона бар, вале ту… намефаҳмӣ!. .
27– 29. 05. 1995.

МАСХАРАБОЗ

Падари Ато Ҳамдам қазо кард. Як гурўҳ адибон барои ширкат дар маросими дафни қиблагоҳи ҳамқалами худ ба деҳаи Тошбулоқи ноҳияи Ҳисор рафтанд.
Ҳангоми бозгашт яке аз онҳо мегўяд:ҳоло вақти тутпаз аст ва бояд аз тут сер шуд. Кӣ медонад боз кай гузорамон ба ин тарафҳо меафтад…
Аз ин гап даҳони дигарон низ об мекушояду бо ҳавас ба ҳавлиҳои тутдор менигаранд.
Иноят Насриддин ба ронанда мегўяд:
– Дар назди ҳў он дарвоза мошинро доред. Ба фикрам, ки мардум то тут нахўранд, ба шаҳр намераванд.
Ронанда шитобкорона суръати мошинро паст мекунад. Дарвозаи ҳавлӣ нимроғ буд. Иноятуллоҳ ба он сар халонда, овоз дод:
– Қиёмиддин! Ҳо Қиёмиддин! Баро, мо тутхўрӣ омадем!.

пешина
аз 231
навбатӣ