Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Аз Аҳмадшоҳ каси боҳавсалатареро, ба хаёлам дигар надидам. Чеҳраи кушода, чашмони оромаш нишонгари қаноатпешагии ў низ буд. Намедонам, вале ба назари ман чунин мерасид, ки санги қаноатро ба домани нафс хеле барвақт баста буд.
Зеро замоне, ки тоза донишгоҳро хатм карда буду ҳамсолонашу ҳамкасбонаш талош мекарданд, дар идораи рўзномаҳо – ҷое, ки фазои ҷўшу хурўш ва талош гўё барои пешрафт дошт, худро мезаданд (гузашта аз ин кор дар идораи рўзнома номи касро вирди забонҳо мекард ва эътибори касро боло мебурд). Аҳмадшоҳ баъди муддати андаки кор дар идораи рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ки аз ин нашрияҳои бонуфузи ҳамон солҳои ҳаштодуми асри гузашта буд, барои кор ба нашриёт , ҷое, ки бештар хоси афроди миёнасол буд, гузашт. Аммо хеле зуд маълум шуд, ки ин тасмимҳои беҳуда аст, зеро агарчи худ хориҷ аз идораиҳои рўзномаҳо буд, вале ҳаҷвияҳояш пайваста саҳифаҳои рўзномаҳоро зеб медод.
Ба зиндагии афроде чун Аҳмадшоҳ нигариста, кас гумон мекунад, ки бархе инсонҳо низ гоҳе нақши троллейбусро доранд: меоянд ҷои кор, мераванд хона. Ва рўзи дигар боз меоянду боз мераванд… Ба назарам, суботи зиндагиро бештар онҳо таъмин мекунанд. Зеро аз як хат берун намераванд, ҳар вазифа ва коре, ки ҳаст, анҷом медиҳанд. ҳамаро ба ҳам мезананд. Аз худ намунаи баланди таскину орормӣ нишон медиҳанд. Ва боз кўшиш мекунанд, ки ба ҳама мушкилу ноҷўриҳои рўзгор бо назари нек, бо ханда нигоҳ кунем. Агарчи ин хушҳолӣ дар бисёре аз мавридҳо заҳрхандаҳое дар пас дорад.
Аҳмадшоҳ хеле ҷавон каммўй шуду гоҳе мавриди ҳазлу шўхии рафиқон қарор дошт. Боре як нафар сари каммўи худро молиш дода ба таассуф гуфт:
– Аҳмадшоҳ, Сарам қариб ба сари ту монанд шудааст. Барои нарехтани мўй чиҳое накардам, вале натиҷа надод, мерезаду мерезад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё