Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҳмадшоҳ дар посух гуфт:
– Дар сар доштану надоштани мўй муҳим нест, муҳим ин аст, ки дар ин сар чӣ мегузарад.
Вале дид, ки он нафар қонеъ нашудааст, изофа намуд:
– Ҳеҷ гап не, аз шонахарю шоназадан, мисли ман халос мешавӣ…Таъкид ҳам кард, – лекин ун сар дигар асту ин сар дигар ва бо ангушт ба сараш оҳиста – оҳиста зад.
Он чӣ аз сари ў гузаштааст, ҳамон панҷ китоби навиштаҳояш «Гап байни худамон», «Каҷ дору марез», «Дасти ману домани шумо», «Зинда будан кам аст», «Арўс аз Тошканд» ва тарҷумаҳояш, ки бар изофаи хотираҳои неки дўстону пайвандон боқӣ мондааст.
Барои як инсоне, ки фақат 50 сол умр дидааст ин хеле чиз ва дороӣ аст.
Сореҳ Юсуф
«НАҶОТ», 8 апрели соли 2004, № 15 (267)

ДУ ЛАБ ПУР ЗИ ХАНДА РАФТ

Ҳаҷвнигори шинохтаи мо шодравон Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро, ки дирўз пан ҷоҳсолагиашро таҷлил намудем, аз овони хурдӣ мешиносам. Мо дар як деҳа ба дунё омада, дар як мактаб таҳсил кардаем. Вақте ки ман дар синфҳои поёнӣ мехондам, Аҳмадшоҳ мактаби миёнаро хатм намуда, ба факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда буд. Пайваста дар рўзномаю маҷаллаҳо мақолаву ҳикояҳояш ба табъ мерасиданд. Муаллимонамон ўро барои мо ҳамчун намунаи ибрат нишон дода, аз комёбиҳояш меболиданд. Дар ҳақиқат Аҳмадшоҳ ба боварии онҳо сазовор гашт, вай аз Дарбанд ном деҳаи хурдакаки кўҳистони мо воқеъ дар ноҳияи Бойсун аввалин нафарест, ки ҳамчун нависанда ном баровард.
Дар байни ҳамдеҳагон, он нафароне ки каму беш ба қаламу коғаз сари кор доштанд, алалхусус муаллимони забон ва адабиёти се мактаби деҳаамон Аҳмадшоҳ нахустин нафаре буд, ки оид ба таърих, ҳаёти мардум, урфу одат ва фолклори деҳаамон дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳо менавишт.

пешина
аз 231
навбатӣ