Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Боре як нафар шиносаш, ки нависандаро чандин муддат боз надида будааст, ўро дар кўча дида, хеле гарм, дилсўзона ва ҳатто андаке ба оҳанги раҳмхўрӣ аҳволпурсӣ карда, гаштаю баргашта аз саломатиаш пурсон мешуд, барои муолиҷаи бемориаш маслиҳатҳо медод ва афсўс мехўрд, ки нависанда бармаҳал ба чунин бемории вазнин гирифтор шуд. Аҳмадшоҳ ба ҷои он ки дилсўзиҳои рафиқашро қабул карда, тавре дар ин гуна мавридҳо одами бемор худро ғамгин вонамуд мекунад, ё ба риққат меояд, баръакс чунин ҳикоят кард:
– Тарзи роҳгардии ман ба ҳамаатон маълум. (Аҳмадшоҳ баъди ба бемории сактаи майна гирифтор шудан ҳамеша лангон-лангон роҳ мегашт). Дина ҳамроҳи як нафар аз ошхона баромадему вай хайру хушкунон ҷониби хонааш рафт Ман низ ба нияти ба автобус савор шуда, ба манзили худ расидан ҷониби истгоҳ мерафтам, ки як нафар милитсионер аз қафоям омада, маро боздошту ҳуҷҷат пурсид.
Вақте шаҳодатномаамро нишон додам, гуфт, ки шумо мастед, дар ҷойи ҷамъиятӣ калавида мегардед… Хулоса, бояд ба шўъбаи милитсия биравем. Ҳарчанд фаҳмондам, ки ман беморам, роҳгардиам ҳамин тавр аст, бовар накард. Аз ҳама аҷибаш он рафиқам, ки воқиан ҳам нўшида буд, бист қадам дуртар аз мо бепарвоёна дар роҳрав калавида мерафт, - нақлашро ба ханда анҷом дод Аҳмадшоҳ.
– Баъд охири кор чӣ шуд? – пурсидем мо.
– Дидам, ки ҳеҷ бовар намекунад, ба дасташ ду-се сомонӣ қапонда, халос шудам. Андаке хурсанд ҳам шудам. Охир аз беморӣ, ҳолати мастӣ ба ҳар ҳол беҳтар аст, - дарун-дарун хандид Аҳмадшоҳ. – Магар аз ин беҳтар комедияи бепул мешавад?
Нависандаи бузурги рус Максим Горкий гуфтааст:
«Хандаи беғаш тану ҷонро солим мегардонад». Фикри дуруст. Аммо дилеро шод кардан, нафареро хандондан басо кори душвор аст. Заҳмати сангин ва истеъдоди фавқулодда мехоҳад ин кор! Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ тамоми умри бобаракати худро сарфи ҳамин пешаи душвор, яъне ҳаҷвнигорӣ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё