Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Вақте нахустин ҳикояҳои ҳаҷвии Аҳмадшоҳ дар рўзномаҳо ба табъ расиданд, ҳамдеҳагон хонда, дар ҳайрат монданд, ки чӣ хел Аҳмадшоҳи ҷиддӣ ин қадар чизҳои хандаовар менависад. Албатта, ин ҳайрати онҳо ҷон дошт. Зеро ҳамдеҳагон Аҳмадшоҳро як бачаяки зардинаи камгапу дар рафтору гуфтор ниҳоят ҷиддӣ мешинохтанд.
Боре ман ҳангоми як мусоҳибаи худ бо Аҳмадшоҳ дар ҳамин хусус савол додам. Вай бо тамкини ба худаш хос чанд лаҳза ба андеша рафта, гуфт:
– Ба маълумоти шумо мерасонам, ки асарҳои ҳаҷвӣ низ ба қалам навишта мешаванд, на бо забон. Вале иқрор мешавам, ки ман дамдузд будам, на камгап.
– Оё камгапию дамдуздӣ як чиз нестанд? – савол додам ман.
– Ҳарчанд ин калимаҳо шабоҳати маъноӣ доранд, «камгапӣ» сифат аст, «дамдуздӣ» – иллат.
Баъдҳо ҳар боре ки бо китобҳои нави Аҳмадшоҳ шинос мешудам, бароям мусаллам мегашт, ки ин «иллат» - и нависанда барои адабиёт, алалхусус ҷодаи ҳаҷвнигорӣ, чӣ хидмати босазое карда будааст.
Ман ҳангоми мактабхон буданам баъзан Аҳмадшоҳро, ки ҳангоми мураххасиаш ба зодгоҳ меомад, дар кўчаҳои пур аз чангу хок, лаби дарёи обаш ҳамеша мусаффои деҳа, тўю маъракаҳои ҳамдеҳагон вомехўрдам. Вай дар давраҳо кам гап мезаду бештар гўш мекард ва аз баъзе ҳаҷву зарофат ва саргузаштҳои ғалатии ҳамдеҳагони дилу нияташон соф, соддаю ҳалолхўр аз таҳти дил мезавқид. Баъдҳо ба ҳамон саргузаштҳо ҷомаи бадеӣ пўшонида, бо бисёр ҷузъиёти ибратбахшу пандомези аз нигоҳи аввал дар чашми одамони оддӣ ноаён, ба мардум пешкаш менамуд.
Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар эҷодиёташ ба қавли Эрнест Хемингуэй фоҷиа будани оқибати зиндагии инсонро, ки новобаста ба мо ҳал мекунанд, хуб дарк карда буд ва ба ҳама гуна рўйдодҳои он бо чашми ханда менигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё