Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Ҳангоми суханронии соҳибҷашн низ Н. ором нишаста натавонист.
– Рафиқон! – гуфт лабони хушку парсинбастаашро лесида. – Биёед, ин қадаҳро барои он менўшем, ки зинда бошем!
Ҳама ба нўшидан ҳозир шуданд. Вале Саттор Турсун…
– Барои ин суханҳо ман наменўшам! – қадаҳи дасташро болои миз монд ў.
– Барои чӣ? – ҳозирон бо тааҷҷуб ба ў чашм дўхтанд.
Саттор Турсун ба Н. назаре афканда, асабиёна даст афшонд.
– Барои он, ки дар ин дунё фақат зинда будан кам аст!. .
Ҳикояи нав
Ҳикояи нави ман ба Саттор Турсун маъқул нашуд.
«Бад нест, – гуфт ў. – Мавзўъ, гирумон, муколама…
Хуллас, ҳамааш нағз. Аммо… хулосааш намешавад.
Яъне табиӣ нест. Ту навиштаӣ: «Аз ресторан баромада, бо таксӣ хона рафтем». Бо таксӣ? Соли 1992– а?!.
Ҳикояро аз нав навиштам, Саттор Турсун хонда, боз абрў ба ҳам кашид. «Нашудааст, дадо. Гуфтам– ку: хулосааш… Вале ту… Шарт набуд дубора навиштани ҳикоя. Фақат… Фикр кун, дадо. Соли 1992 будаасту ту аз ресторан баромада, савори таксӣ хона мерафтаӣ.
Канӣ мантиқ?. . »
Боз як ҳафта фикр карда, ниҳоят…
– Ин гапи дигар, дадо! – баъди аз назар гузаронидани ҳикоя хушҳолона дастамро фишорид Саттор Турсун. – «Аз ресторан баромада, бо БТР хона рафтем». Нағз, бисёр нағз. Зуд ба чоп супор!. .
Куҳна ва нав
Боре дар кўча ба Саттор Турсун дучор омадам, ки
дар тан палтои шинаму зебое дошт. Ва беихтиёр табассум кардам. Зеро ин ҳамон палтои «бадбахт»– е буд, ки ҳанўз он қадар куҳна набошад ҳам, нобавақт аз истифода баромада, чанд сол инҷониб дар кунҷи фаромўшӣ – ҷевони либосҳои нодаркор мехобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё