Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ, палторо шинохтӣ? – хандид ў, аз табассуми ман маънӣ бурда. Сипас ин байти машҳури сухансанҷи борикфикр ҳазрати Бедилро хонд:

Рў ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?
Рўзгор оинаро мўҳтоҷи хокистар кунад.

Баъд лаҳзае андешаманд пешона молиду афзуд:
– Гузаштаро набояд фаромўш кард. Баъзан онро пеши назар овардан, фаромўшхонаҳояшро тагурў кардан лозим.
Зеро бисёр чизҳое, ки кўҳна гуфта, як вақтҳо аз баҳраш баромадаем, дар асл чандон кўҳна нестанд ва амиқтар бубинем, аз тозакориҳои имрўзаи мо навтаранд…

Воқиа

Дар ошхона таом мехўрдем. Ҷавони ношинос ба мизи мо наздик омада, пурсид:
– Шумо Саттор Турсун?
Саттор сар бардошт.
– Ҳа.
– Мебахшед, мумкин камтар бо шумо шинам?
– Марҳамат, – курсии холиро нишон дод Саттор. – Шинед… Ягон чиз мехўред?
– Не, ман – сер… – гуфт ҷавон, дар паҳлуи Саттор нишаста. – Шумоён бемалол… Фақат агар мумкин бошад, аз сигаретаатон…
– Марҳамат, марҳамат, – қуттии сигаретаро бо гўгирд дар пеши вай монд Саттор.
Ҷавон сиагрета даргиронду дафъатан ба Саттор нигарист.
– Номи ман… Мехостам воқиаеро ба шумо нақл кунам.
Марҳамат, марҳамат… – Саттор косаи шўрборо ба як гўшаи миз монда, низ сигарета даргиронд.

пешина
аз 231
навбатӣ