Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Хазида наметавонад
Дар суҳбате адиби ҷавон Н. аз рўи одат ногаҳон ба миёни сухани яке аз ҳамқаламон лагад зада, бо ҷиддияти тамом сухани Максим Горкийро ба забон овард:
– Оне, ки барои хазидан ба дунё омадааст, парвоз карда наметавонад!
– Ин гап ба суҳбати мо чӣ муносибат дорад? – ҳайрон шуданд рафиқон.
– Гуфтам– дия! – кала зада, ҳалқаи гарданбандашро суст кард Н.
– Аҷаб… – ҳайрон шуд рафиқи ҳамқалами мо.
Саттор Турсун қадаҳеро, ки дар дасташ буд, зуд болои миз гузошта, дуру дароз ба рўи Н. нигарист.
– Ҳа– а, чӣ шуд? – даступо хўрд вай.
– Ту ҳам нависанда, – гуфт Саттор Турсун. – Дуруст?
– Ҳовва, – кала ҷунбонд Н.
– Ҳикояҳо менависӣ. Дуруст?
– Ҳовва, – ин дафъа на фақат калла, балки пой ҳам ҷунбонд Н.
– Пас сухан карданро биомўз!
– Чӣ хел? Бо кадом роҳ? – ҳар ду дасташро кушода, китфак зад Н.
– Ҳеҷ набошад… – чи тавре ки ба рўи миз гузошта буд, ҳамон тавр ҷиддӣ қадаҳашро аз нав ба даст гирифт Саттор Турсун. – Ҳеҷ набошад, масалан, бигў: оне, ки барои парвоз кардан ба дунё омадааст, хазида наметавонад…
Акнун фаҳмидӣ?
Боре кадоме аз Саттор Турсун пурсид, ки дар синну сол ў калон аст ё Иноят Насриддин.
– Иноят.
Ҷавоби ў маро ҳайрон кард.
– Аз рўи шунидам, шумоён дар як шаб…
– Дуруст, мо дар як шаб ба дунё омадагӣ, – тасдиқ намуд Саттор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё