Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Андешаманд узр хоста, боз ба кори худ машғул шуд.
Ба нашриёт (маҳаллаи километри нуҳум) баргашта, акнун ба ҳуҷраи кор даромада будам, ки Саттор Турсун занг зад.
– Дадо, зуд биё! Гапи муҳим ҳаст…

Маҳалгароиатон маъқул не

Повести Саттор Турсун «Сукути қуллаҳо» нашр мешавад. Ба он чанд нафар тақриз менависанд. Дар яке аз тақризҳо ба забони асар эродҳои ҷузъи гирифта шуда буд.
Боре Саттор Турсун бо муаллифи ин тақриз рў ба рў меояд. Бояд гуфт, ки вай ҳамдиёри Одам – уш – шуаро Абўабдуллоҳи Рудакӣ буд ва бамавриду бемаврид аз ин ифтихор мекард.
– Тақризи ҳамдиёри Рўдакиро хондед? – мепурсад вай аз Саттор Турсун.
– Ҳа.
– Хайр, чӣ тур? Маъқул шуд?
Саттор Турсун андешаманд манаҳ мехорад.
– Тақриз маъқул шуд, вале маҳалгароиатон не.
– Маҳалгароӣ? – чинҳои пешонаи муқарриз ба ҳамдигар мепечанд.
– Ҳа… Шумо навишатаед, ки «вақти саҳар» гуфтан мумкин нест.
Муқарриз бо тааҷҷуби бештар мегўяд:
– Аввалан, нодуруст нанавиштаам. Сониян, ин ба маҳалгароӣ чӣ дахл дорад?
Саттор Турсун табассум мекунад.
– Ҳамдиёратон Рўдакӣ фармудаанд: «Омад бари ман.
Кӣ? Ёр! Кай? Вақти саҳар…» Чаро ба он кас вақти саҳар гуфтан мумкин будаасту ба ман не?!.

пешина
аз 231
навбатӣ