Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Барои чӣ?
– Барои они ки дере нагузашта, аз онҳо фақат ном мемонад…
Куҷо меравед?
Боре Саттор Турсунро дар истгоҳи автобус дида,
пурсидам: куҷо меравед? Гуфт:
– Он ҷо, ки чаҳор девораш ҳам аз худам аст… (яъне:
хона).
Рўи номард
Боре Саттор Турсунро маъюс дарёфта, сабаб пурсидам. Гуфт:
– Нав рўи як номарда дидам…
Шоири хуб
Баъди варақ задании китоби навқаламе Саттор Турсун гуфт:
– Аз ин бача шоири хуб мебарояд.
– Барои чӣ?
– Барои они ки шеърҳояш нофаҳмоянд…
Ҳайронам
Саттор Турсун бе чатр аз хона баромада, таги борон монд. Ва… димоғаш сўхт. Вале аз борони пуршиддати баҳорӣ не, аз «кўрӣ»– и баъзеҳо. Зеро онҳо медиданд:
саропои ў шиб– шилтаи об аст, бо вуҷуди ин афсўс мехўрданд, ки… пойафзолаш тар шудааст.
– Ба одамон ҳайронам, – мегуфт асабиёна манаҳ хорида. – Ба пойафзоли тар эътибор медиҳанд, ба домани тар не!. .
Аҷиб Як рўзи боронӣ Саттор Турсун ба нашриёт омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё