Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Пойафзолатон тар шудааст, – гуфтам ҳангоми ҳолпурсӣ.
– Ҳа. Инро чанд каси дигар ҳам гуфт, – табассум кард ў. Баъд назди тиреза рафта, ба берун нигарист. – Аҷиб.
ҳама аз тарии пойафзоли ман ҳайрон мешаванд, вале аз тарии дунё не…
Намефорад
Боре Саттор Турсун бо нўки қалам аз ҷайби худ коғазпораеро гирифт, ҳайрон шудам: Охир, бо даст гирифтани он осонтар аст.
– Гапат дуруст, – хандид. – Лекин… ба кисаи холӣ даст андохтан намефорад…
Гапи калон
Боре кадоме нақл кард, ки дар як тўй ҳолати аҷиберо мушоҳида намудааст. Яъне дар як замон барқ задани чашми пурхўр ва ошпазро.
– Чашми пурхўр, – гуфт ў, – аз дидани деги калони ошпаз барқ мезад. Чашми ошпаз бошад, аз дидани шиками калони пурхўр. – Баъд ў аз чӣ бошад, манаҳашро хориду ба ман рўй овард. – Э чашми ту ҳам… Хайр, чашми ту барои чӣ барқ мезанад?
– Шояд аз шунидани гапи калони шумо, – хандид Саттор Турсун.
Китоб («Зинда будан кам аст!») чоп шуд. Саттор Турсун онро варақ зада, чанд «ҳмм, ҳммм»– и асроромез
кард. Баъд гуфт: «Хайр, соядаст навис!» Ман гардан тофта, гуфтам: «Китобро ман навиштам, соядастро шумо бояд нависед». Саттор Турсун боз як «ҳмм»– и асроромез
кард – «Хайр, чӣ нависам?» Гуфтам: «Нависед, ки ягон
гапи ин китоб дурўғ нест!» Саттор Турсун аз таҳти дил баланд хандид, яъне бо чунин соядаст ин китобча беҳтарин экспонати музей мешавад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё