Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Баъд аз ҷустуҷўи зиёд ба худ аҳд кард, ки агар фақат дуздро пайдо кунад, гўсфандеро ба шукронаи пайдо кардани дузд қурбонӣ хоҳад кард. Ин бигуфт ва ба назди як теппаи кўчаке равон шуд. ҳамин ки ба болои теппа расид, мутаваҷҷеҳ шуд, ки шери бузурге гови ўро дарида ва ба хўрдан машғул аст. Шубон аз дидани шер, ки бисёр наздики ў буд, чашмҳояш сиёҳӣ ва пойҳояш сустӣ кард. Бечора дар ин ҳол дубора ба худ аҳд кард, ки агар аз ин таҳлука наҷот ёбад, ду гўсфандро қурбонӣ хоҳад дод: як гўсфанд барои пайдо кардани дузд ва гўсфанди дигар барои ин, ки аз чанголи шер наҷот ёфтааст.
ДАРАХТИ СЕБ ВА АНОР
Як дарахти себ ва як дарахти анор дар канори ҳам қад афрохта буданд. Рўзе байни ҳарду дарахт муноқиша рўй дод. ҳар кадом мегуфт, ки ў нисбат ба дигараш зеботар аст.
Вақте моҷарои онҳо тўлониву шадид шуд, хоре аз боғчаи ҳамсоя сухани онҳоро қатъ кард ва гуфт:
– Аҷоиб аст, ки шумо лофи зебоӣ мезанед, он ҳам дар муқобили ман.
ДЕҲҚОН ВА КАБК
Деҳқон аз дасти мурғобиҳо ба танг омада буд. Бечора чанд маротиба тухм пошид, вале мурғобиҳо тухмҳоро мехўрданд. Деҳқон маҷбур шуд боз тухм пошад, вале ин маротиба барои гирифтории мурғобиҳои дузд доме ниҳод ва бо ин тартиб як иддаи зиёде аз мурғобиҳоро асир кард. Дар байни мурғобиҳо кабке низ асир шуда буд. Кабк, ки барои раҳоии худ бисёр дасту по зада буд, пояш низ шикаста буд.
Вақте ки деҳқон мурғобиҳоро мегирифт ва навбат ба кабк расид, кабк бо аҷзу ниёз дархост кард:
– Оқо, лутфан маро озод кунед, ба пои шикастаи ман раҳм кунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё