Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бисёр парешону ғамгин гардид.

ШОДИҲОИ (МАЙМУНҲОИ) БОЗИНГАР

Гўянд, шахсе як даста аз шодиҳоро (маймунҳоро) барои бозӣ ба рақс тартиб карда буд. Шахсе онҳоро либосҳои мақбул пўшонда, дар маҷолисе барои рақс мебурд, то ҳозирон забон ба таърифи онҳо бикушоянд. Яқинан, шодиҳо ба ҳадде моҳир буданд, ки касе наметавонист онҳоро аз инсонҳо фарқ кунад. Рўзе яке аз ҳозирон як мушт бодомро аз ҷайб кашида, ба рўи саҳна андохт.
Шодиҳо аз дидани бодом рақсро фаромўш ва либосҳои худро пора карда, барои ҷамъ кардани бодом бо ҳамдигар ба ҷанг машғул шуданд. Бо ин тартиб маҷлис бо хандаву тамасхур хотима ёфт.
Зоҳир шахсиятро тағйир намедиҳад!

РЎБОҲ ВА ПАЛАНГ

Рўбоҳ ва паланг бо ҳам мубоҳиса доштанд, ки кадом яке аз онҳо зеботар аст. Паланг барои исботи ин иддао, ки худаш зеботар аст, ба тарафи холҳои пўсти худ ишора карда, гуфт:
– Оё ҳамин кофӣ нест, ки ман нисбат ба ту зеботарам?
– На, ман аз ту зеботарам, зеро ман зебоии ҷилд надорам, вале хубию бартарии ақли ман собит аст.

МУШ ВА БАРЗАГОВ

Муше барзаговеро газид. Барзагов аз шиддати дард
ба ғазаб омада, кўшид то мушро ба даст орад. Вале муш
дар сурохии девор пинҳон гардид. Гов аз қаҳри бисёр
шохи худро ба девор фурў мекард. Пас аз он ки бисёр
хаста шуд, дар паҳлуи сурохии муш хобид. Муш аз
сурохӣ кала кашид ва дид, ки гов назди сурохӣ хобидааст.

пешина
аз 231
навбатӣ