Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Моҳигир дар ҷавоб гуфт:
– Ман он қадар аҳмақ нахоҳам буд, ки ҳосили имрўзаро ба умеди фардо аз даст диҳам.

ДУХТАРИ ШИРФУРЎШ

Духтари ширфурўшеро ҳикоят кунанд, ки сатили пур аз ширро барои фурўш аз деҳкада ба бозор мебурд.
Ҳанўз фосилаи зиёдеро тай накарда буд, ки ба чунин тахайюлоти дуру дарозе афтод: «Ба қимати ин шир сесад дона тухм мехарам. Ин сесад дона тухм яксаду панҷоҳ чўҷа медиҳад. То вақте ки ин чўҷаи мурғҳо калон мешаванд, қимати онҳо ҳам баланд меравад ва ман мурғҳои худро ба қимати зиёд фурўхта, барои худ беҳтарин либос таҳия мекунам. Ин либосро ба рўзи ид пўшида ва дар он ҷое, ки ҷавонони деҳкада гирд меоянд, меравам. Вақте ҷавонон маро бо ин либосҳои бисёр мақбул бубинанд, ҳар яке аз онҳо ба ман наздик шуда ва хоҳиш мекунанд, ки бо онҳо издивоҷ кунам. Вале ман хоҳиши ҳар яке аз онҳоро рад карда, бо таннозии махсус сари худро ба унвони ҷавоби не ҳаракат медиҳам».
Духтарак дар ҳамин вақт сари худро ба ин тарафу он тараф гардонд. Ҳамин буд, ки сатили шир аз сараш поин афтод ва бо ин тартиб тамоми хаёлоти ширини ў аз байн рафт.

ДЕҲҚОН ВА САГҲО

Зимистони шадид буд. Барфу тўфони бод ҳар касро маҷбур сохта буд ба гўшае паноҳ барад. Деҳқоне низ дар хонаи худ маҳсур шуд. Деҳқон барои ноштои худ маҷбур шуд аввалин бузҳои худро бикушад. Баъдтар ба куштани гўсфанди худ шурўъ кард. Вале тўфон ба ҳамон шиддат ҷараён дошт. Билохира, деҳқон гови қулбаи худро берун кашид ва сар бурид. Вақте сагҳояш ин ҳолро диданд, ба худ гуфтанд:
– Ҳоло беҳтар аст аз ин ҷо фирор кунем, зеро соҳиби мо, ки аз куштани гови қулбаи худ дареғ накард, мо чӣ гуна метавонем аз ҳаёти худ умед бандем?

пешина
аз 231
навбатӣ