Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Дарахт аз мушоҳидаи ин вазъ нолаву фарёд карда мегуфт:
– Ман чӣ қадар бадқисмат ҳастам, барои онҳое ҳосили худро тақдим мекунам, маро бо сангу чўб навозиш мекунанд.
ШИКОРӢ ВА НАСР
Шикориеро ҳикоят кунанд, ки дом бардошт ва ба саҳро барои шикор берун рафт. Дид хеле аз парандагон болои дарахте нишастаанд. Сайёд домҳои худро густурд ва дар ҳоле ки ба рўи замин дона меафшонд, чашмҳои хавосаш мутаваҷҷеҳи парандаҳо буд. Дар ҳамин асно думи мореро надониста, ба зери по гирифт. Мор сарро ба ақиб гардонид ва ўро газид. Сайёд дар ҳоле ки аз дард менолид, бо худ гуфт:
– Бадо ба ҳоли ман, мехостам шикор кунам, аммо аз бехабарӣ худам шикори марг шудам.
АСПУ ХАР
Аспе, ки бо зину лаҷоми қиммате ороиш шуда буд, хареро дар роҳ дид, ки бар пушти ў бори сангине ниҳода буданд. Асп бо тамасхуру такаббур ба хар гуфт:
– Эй ҳайвони боркаш, дилам мехоҳад туро бо лагад бар замин бияндозам.
Хар дар ҷавоб чизе нагуфт, балки оҳе кашид ва ба роҳи худ идома дод. Дере нагузашта буд, ки пои асп шикаст ва соҳибаш ўро барои кашонидани коҳу чўб истифода намуд.
Рўзе хар ўро дар он ҳолат диду гуфт:
– Эй мутакаббир, ҳолат чӣ тавр аст? Бубин, ба ҳамон ҳақорате мубтало гаштӣ, ки аз он нафрат доштӣ!. .
ДУЗДҲО ВА ХУРЎС
Иддае аз дуздон ба хонае дохил шуданд. Чизи дигаре
ба ҷуз як хурўс наёфтанд, ба қисмати худ розӣ шуда, хурўсро бардоштанд ва ба хонаи худ рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё