Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Ў фақат дар шаб ба танҳоӣ берун мешавад, то ўро касе набинад.
ШАЙПУРӢ ВА ДУШМАН
Як шайпурӣ, ки бо шуҷоат аскаронро ба майдони ҷанг бо садои шайпур огоҳ медод, ба дасти душман асир афтод. Шайпурчӣ аз аскаре, ки ўро асир гирифта буд, хоҳиш кард, аз куштани ў даст кашад. Ў гуфт:
– Куштани ман лузуме надорад, зеро ман бегуноҳ ҳастам ва ҳатто як нафар аз аскари шуморо ҳам захмӣ накардаам. Бубин, ман ҳеҷ аслиҳа ҷуз ин шайпур надорам?!.
Аскар ҷавоб дод:
– Доштани ҳамин шайпур куштани туро ҳатмӣ месозад, зеро дуруст аст, ки худат ҷанг намекунӣ, вале бо ин шайпур тамоми аскарро ба майдони ҷанг таҳрик менамоӣ.
ПАРАСТУ ВА ҶАВОНИ НООҚИБАТАНДЕШ
Ҷавоне тамоми моли маврусии худро фурўхта, бо худ ҷуз як кампал чизе нагузошт. Рўзе назараш ба парастуе афтод, ки канори ҷўбори кўчаке шино мекард. Ҷавон гумон кард, ки баҳор шудааст ва дигар барои кампал зарурат надорад. ҳамон буд, ки кампали худро ҳам фурўхт.
Вале дере нагузашта ҳаво сард шуд ва барф боридан гирифт. Ҷавон дид парасту дар канори ҳамон ҷўйбор мурдааст. Аз дидани ин манзара ҷавон парастуро хитоб карда, гуфт:
– Эй паррандаи баднасиб, ту қабл аз он ки баҳор бирасад, берун шудӣ ва бо ин вазъ на танҳо худро ҳалок сохтӣ, балки сабаби табоҳии маро ҳам фароҳам кардӣ.
БУМ ВА ПАРРАНДАГОН

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё