Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Баъзе донишмандон бар он ақидаанд, ки ў дар Сордес – пойтахти Лидия таваллуд шудааст, баъзеҳо ҷои таваллуди ўро ҷазираи Сумос мегўянд. Вале аксари олимон мўътақиданд, ки Луқмони ҳаким дар солҳои пеш аз милодӣ зистааст.
Луқмони ҳаким дар хонадони ғулом таваллуд ёфта, то арсаи камол худ низ ғулом будааст. Луқмон дар ибтио ғуломи ду нафар буд – Ронтус ва Ҷадман. Ҷадман ўро ба сабаби заковатмандиву пурдониаш озод кард. Яке аз ҷиҳатҳои хоси озод будан дар Юнони қадим ин буд, ки мардуми озодмезиста дар мавзўъоти иҷтимоӣ донишманд бошанд. Луқмони ҳаким бо истифода аз ин имтиёз тавонист монанди бисёр файласуфони Юнон аз ғуломӣ ба шўҳрати олими бузурги он вақт ноил гардад.
Подшоҳи Лидия (Кросис) марди олимдўст ва илмпарвар будааст, ў Луқмони ҳакимро ба пойтахти мамлакаташ
– Сордис даъват мекунад. Луқмони ҳаким дар дарбори ин подшоҳ бо Солун, Толс ва дигар файласуфони машҳур мулоқот кард. Ин файласуфон бо як забон эътироф намуданд, ки Луқмон аз ҳамаи онҳо беҳтару донишмандтар аст.
Луқмони ҳаким муддати зиёде дар масъалаҳои муҳими сиёсӣ мушовири Кросис – шоҳи Лидия буд.
Боре Кросис ўро бо миқдори зиёди тилло ба Далфӣ фиристод, то онҳоро байни мардум тақсим кунад. Луқмон аз вазъи ҳасудонаву ҷасуронаи он мардум ранҷид ва тиллоҳоро бе он ки ба мардум тақсим кунад, дубора ба шоҳ фиристод. Мардуми Далфӣ аз ин кори ў ба шўр омаданд ва Луқмонро ба хиёнаткорӣ муттаҳам карда, ба қатл расониданд. Баъди марги Луқмони ҳаким мардуми Далфӣ бо мусибатҳои зиёде дучор омаданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз рўҳи Луқмони ҳаким узр пурсиданд, то ҷурмашон бахшида шавад. Баъдан муҷассамаи шахсияти маъруфи илмӣ аз тарафи муҷассамасози машҳури Юнон – Сипе сохта шуд, то номи вай ҷовидона гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё