Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳайрат Шанбезода мақолаи мазкурро хонда, ба шавқ меояд ва бо ҳаяҷони бологир мегўяд:
– Мақолаи хуб. Зуд Раҷаб Мардонро ёфта, табрик кардан лозим.
– Барои чӣ?– маънодор ба ҳамдигар менигаранд ҳамқаламон. – О чанд рўз қабл шумо вайро хар гуфтеду имрўз ба табрикаш… Ё аллакай фикратон дигар шуд, яъне Маҳмадраҷаб хар…
Ҳайрат башаст калла меҷунбонад.
– Не, фикри ман дигар нашудаасту намешавад: вай хар аст! Лекин бояд табрик намуд, мақолааш дар воқеъ ҳам хеле нағз аст. Охир, худатон як мулоҳиза кунед: Кадом хар дар бораи асп ин хел чизи хуб навиштааст?!.
22. 07. 1995.

ШАРМ МЕДОРАМ

А. А. аз танаффус баргашта, боз мағал бардошт.
Аҳли ҳуҷра аз овоз ва нағмаҳои вай дилгир шуда, интизори фурсати мувофиқ буданд. Бинобар ин, чун дирўзу пареррўз ба даҳон об гирифта нанишастанду ин дафъа баробараш дод заданд. Ва эҳтимол аз ин оташи аламашон паст нашуд, ки мизи корашро низ беруни дар монда, қотеъона гуфтанд: дигар остонаи ҳуҷраашонро накўбад. Ҳамин тавр, мизи А. А. чой иваз кард, яъне дар ҳуҷраи кори Одина Мирак ва Раҷаб Мардон пайдо шуд.
Феълу атвори А. А. ба Одинааҳмаду Раҷаб Мардон маълум буд. Онҳо, албатта, пеши вайро гирифанд. Вале баъзеҳо ба миёна даромада, гуфтанд: А. А. ваъдаи қатъӣ додаст ва ҳатман ислоҳ мешавад– минбаъд нағма намекунад, ба ассаби кассе намерасад ва аз ҳама муҳимаш, дигар баҳудаву беҳуда ҷоғ нахоҳад зад ва агар сарашро буранд ҳам, овоз нахоҳад баровард.

пешина
аз 231
навбатӣ