Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Одинааҳмаду Маҳмадраҷаб хотир диданду гапи пирони нашриётро дар замин нагузоштанд.
Аз миён бештар як моҳ гузашт. А. А. барои чӣ бошад, хомўш буд, мағал намекард ва ҳамҳамаву дамдамаи доимиашро намешунидем.
Ба ростӣ, ҳайратзада будем. Боварамон намеомад, ки А. А. ислоҳ шуда бошад. Охир, ба вай дуо рафта буд, бе нағмаву дасиса нишаста наметавонист. Магар хўе, ки бо шир даромадааст, бо ҷон намебарояд?
Боре ҳисси кунҷковӣ боло гирифта, ба ҳуҷраи ҳамсоя сар халондем ва дидем, ки Одинааҳмад… дору мехўрад.
Рангу рўяш суп– сурх, рагҳои чаккаи сар ва чашми чапаш ҳамвора мепаранд.
– Чӣ шуд? Оё беморӣ?
Одинааҳмад оҳи сард кашид.
– Ҳо, фишори хунам баланд, чашми чапам беист мепарад.
Китф барҳам кашидем. Одинааҳмад ягон вақт аз баландии фишори хунаш шикоят накарда буд.
– Пештар ҳам фишор доштӣ ё ?. .
– Не, – боз оҳ кашид Одина– ба қарибӣ фишорам номуътадил шуд. Саҳеҳтараш, аз рўзи ба ҳуҷраи мо гузаштани А. А…
Мо огоҳона калла ҷунбондем, яъне бояд ҳамин тавр мешуд. Ва гуфтем:
– Ин хел бепарво нишастан хуб нест, саломатиро бояд эҳтиёт намуд. Ду роҳи дуруст ҳаст: ё А. А. – ро аз ин ҷо меронӣ, ё худат ба ягон ҳуҷраи дигар мегузарӣ.
Одинааҳмад андешамандона паси сар хорид.
– Ба ин ҳам ақли худам мерасад, вале… шарм медорам. Охир, Маҳмадраҷаб тоқат карда шиштааст– ку, чаро ман…
– Фишори хуни вай ҳам баланд аст– чӣ?– хавотир шуда, бесаброна пурсидем мо.
– На фақат фишори хун, балки… Ана худатон бинед…
Мо ба кунҷи дигари ҳуҷра чашм давонда, якбора даст ба гиребон бурдем. Воаҷаб! Раҷаб Мардон дар болои мизи кор чорзону нишаста буд ва бо нарангушти дарозаш бафурҷа бинӣ кофта, «Таърихи мухтасари КПСС» мехонд…

пешина
аз 231
навбатӣ