Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЖАНРИ МУҚАДДАС

Кор мерафтам. Ба троллейбуси пуродам аз дари ақиб даромарода, ду– се истгоҳ ҳақорату дашном шунидам.
Ниҳоят пештар рафтан муяссар шуду дастам ба дастгирак расид. Акнун на фақат андак осудам, балки худам ҳам дам ба дам бо тамасхур аз дигарон мепурсидам: магар чашм надоранд, ки пои касро зер мекунанд, оё тела надодаву дакка нахўрда ба пеш гузаштан мумкин нест…
Дар паҳлуи ман ду ҷавони ҳузарби донишчў ба ҳамдигар гап мегузарониданд. Мавзўи баҳси онҳо ғазал буд. Ҷавонон донистан мехостанд: кадоме аз шоирон ғазалро беҳтар мегўяд?
Бояд гуфт: онҳо одоби баҳсро риоя менамуданд, яъне дод намезаданд, дар таҳлилу мулоҳизаи далоил саросема намешуданд ва аз ҳама муҳимаш, кўшиш доштанд, бо ақли солим кор гирифта, ба дараҷаи истеъдоду маҳорати ғазалсароёни муосир холисонаву беғаразона баҳо диҳанд.
Вале баъдтар… аз миёни мухлисони ғазал гўё гурбаи сиёҳ гузашт, ки чашмони ҳар ду нохост хун баста, беихтиёр инони овоз сар доданд. Ва дар мубоҳисаи онҳо гоҳ даст шоф мешуду гоҳ сина– сипар. Аён буд, ки дере нагузашта сабри ҳар ду сар мераваду ба муштзанӣ мегузаранд ва саволи дар воқеъ ҳам бисёр аҷиб беҷавоб мемонад: аз шоирони муосир кадоме дар ғазалгўӣ дасти тасаллут дорад?
Бинобар ин, ба нияти пешгирии нохушӣ баланд гулў афшонда, диққати ҷавононро ба худ кашидам ва бо мақсади осон шудани мушкили онҳо гуфтам: дар адабиёти муосири тоҷик ғазалнависи қодир кист.
Ҷавонон якбора лаб фурў баста, ба ҳамдигар назари тааҷҷубомез афканданд. Сипас нохост пурсиданд:
«Ҷамолиддин Каримзода? Вай худаш кист?»
Аз ин савол, будагӣ гап, ҳайрон шудам.
– Чӣ тавр… кист? Шоир, ғазалнавис. Беҳтарин…
– Шуд, шуд. Давом нате!– гуфтанд онҳо ва яке кафи рафида барин дасташро дар даҳонам гузошту дигар (ғолибан, шўхтабиат будааст)бо тамоми қувват гўшамро тофт.

пешина
аз 231
навбатӣ