Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Барои чӣ? Охир…– эътироз намудан хостам. Вале аллакай дер шуда буд, дамам ба дарун зада, овозам намебаромад.
Хайрият, ин дам тафтишгарони чипта ба троллейбус даромаданд, вагарна…Баробари дидани онҳо ранги мухлисони ғазал канд ва зуд ба кучое ғайб заданд. Ман, албатта, нафаси озод кашидам.
Баъд аз чанд рўз Ҷамолиддин Каримзода ба нашриёт омада, ин воқиаро ба ў нақл кардам. Аз таҳти дил хандид ва гуфт:
– Нафасат набаромада қариб мурда будӣ? Ҳеҷ гап не.
Fазал жанри муқаддас аст ва месазад, ки якта– нимта нимколаҳо барояш фидо шаванд…
03. 11. 1995.

АМАЛИ НОШОИСТА

Муҳтарам Ҳотам боронии ягонаашро аз хона наёфта, ба сари завҷааш дод зад: «Канӣ он? Барои чӣ дар ҷояш нест?» Аммо вай…
Бо табассуми асроромез гуфт: беҳуда овозашро хаста накунад, борониаш дар ин наздикиҳо нест, ки аз ғазаби ў тарсида, зуд ҳозир шавад.
– Пас, дар куҷост?
– Дар донишкада…
Муҳтарам фаҳмид: онро писари донишҷўяш пўшидааст. Ва бегоҳӣ, дар ҳузури аҳли хонавода, вайро сарзаниш намуда, сабақ дод, то дигар ба чунин амали ношоста, яъне напурсида бидуни иҷозат гирифтани чизи дигарон, даст назанад, ин беодобии маҳз аст ва дар ягон қоидаи ахлоқ омурзиш надорад.
– Фаҳмидӣ?– теғ кашида, ба рўи писараш нигарист.
– Фаҳмидам…– гунаҳкорона сар ба зер афканд вай.
Муҳтарам оҳи бадард кашида, ба хонаи дигар гузашт.

пешина
аз 231
навбатӣ