Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он шаб то як пос хобаш набурд, гаштаву баргашта пиромуни муносибати падарон ва фарзандон андеша меронд ва медид: чӣ мураккаб ва дандоншикан аст ин муаммо!
Рўзи дигар аз садои баланди телефон бедор шуд ў.
Писараш аз донишкада занг мезад.
– Ҳа, чӣ гап?
– Ҳеҷ гап не, фақат…Аз хоб бедор шуда бошед, мехостам иҷозат пурсам.
Ба дили Муҳтарам алав афтида, якбора ҳушёр гардид.
– Иҷозат… Ба чӣ?
– Охир, ман боз борониатонро пўшидам…
11. 11. 1995.

БА ФИКРИ ҲАЙРАТ ШАНБЕЗОДА

…Соҳиб Табаров дар зиндагӣ ба як пой мелангад, дар адабиёт– ба ду пой.
…Ақли Акобир Шарифӣ аз дурўғҳои шохдори Басир Расо костааст.
…Ба Маҳтоб (кассир) чашмак занӣ, аз бепулӣ шикоят мекунад.
…Дар телевизор дуздҳоро нишон диҳанд, пулҳои Ҳадиса (шоира) аз хонааш гум мешаванд.
…Арбоб Вадуд чунон «зўр» аст, ки агар як мушт занад, баъд аз ҳаштод сол мемурӣ.
…Зуд– зуд маош надиҳанд, Ҳадиса ҳодиса мешавад.
…Аз баландии кўҳҳои мо осмон мефахрад, аз пасти фарҳангамон– замин.

ҲОҶӢ МУРОД
(нақли Чамолиддин Каримзода)

– Ҳоҷӣ Мурод нашриёт рафт, ба кор. Боре гузорам ба нашриёт афтод ва дидам, ки мудири шуъба Н. Ҳоҷӣ Муродро дар пеши худ шинондасту ба вай кор меомўзад.
Аз миён ду– се моҳ гузашту боз ба нашриёт рафтан лозим омад.

пешина
аз 231
навбатӣ