Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Марҳамат, биёянд. Мо ба аҳли қалам хидмат накунем, ба кӣ мекунем?!.
Се рўз дар ошхонаи мазкур бепул таом хўрдем. Азбаски рўзи чорум Н. ба кор наомад, ман танҳо ба ошхона нарафтам, нахостам дар аҳди шарикӣ хилоф шавад. Ва баъзе корҳоро сомон дода, қариби соати чор аз нашриёт баромадам, то хона равам. Вале… дар истгоҳ Н– ро дидам, ки бо чанд кас суҳбат дошт.
– Имрўз таомхўрӣ рафтӣ?– пурсид ў, дар ҳолате, ки бо гўгирдчўб дандонҳояшро мекофт. Набошад, як дам ист, ҳозир қатӣ меравем.
Н. бо ҳамроҳонаш хушбошӣ намуда бо ҳам ба ошхона рафтем.
Мудири ошхона моро дида, беихтиёр лаб газид, вале чизе нагуфта, ба пешхидмат фармуд, ки зуд таом биёрад ва худаш ба ду пиёла арақ рехта, болои миз монд.
Шикамамонро сер кардаву оруғ зада бархостем. Мудири меҳрубон аз раҳи одат моро то беруни ошхона гуселонду дар дами дари баромад аз чӣ бошад, якбора номеҳрубон шуда, ба Н. ки пештар аз ман баромада буд, ишора карда гуфт:
– Вай барои чӣ омад?
Ман ҳайрон шудам.
– Чаро наояд? Аз рўи маслиҳат то охири ҳафта… ё фаромўш кардед?
– Не, – паси сар хорид мудир, – фаромўш накрдаам.
Пурсиши ман ба дигар сабаб аст. Охир, вай нисфирўзӣ бо ду– се кас омада буд…
03. 01. 1996.
НОМИ НАFЗ
Рўзноманигор Саидумари Асал писардор шуд ва бо
маслиҳати дўстон номашро Фаридун монд. Соли дигар
дар ҳамин шабу рўз ў боз дўстонро ҷамъ намуда, гуфт,
ки метавонад вайро аз таҳти дил табрик кунанд, боз писардор шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё