Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Аз ин хабар ба рўи дўстон хун давида, якбора хушҳол гардиданд.
– Э муборак шавад!
– Дарду доғро набинад!
– Ба сад дарояд!. .
Саидумар чун хурўси дакан сандуқи синаашро дамонда, боифтихор гуфт:
– Ташаккур. Акнун ба навзод номи мувофиқ ёбед.
Дўстон бепарвоёна даст афшонданд. Ҳамин ҳам гап шуд! Дар олам чӣ бисёр– ном. Лозим бошад, як не, садта аз нағзаш мегўянд.
Саидумар огоҳона манаҳ хорид, яъне шитоб накунед, ин ҷо нозукие ҳаст, агар не, худам ҳам аз номҳои хуб кам намедонам.
– Шарт ин, ки номи навзод на фақат ғайриоддӣ, машҳуру зебо, балки ба номи акааш– Фаридун ҳамқофия бошад. Огоҳ мекунам, «Мачнун»– ро пешниҳод накунед, як маънои ин ном «девона» аст.
Дўстон ба фикр фурў рафтанд. Зеро, дар ҳақиқат, ёфтани номи «ғайриоддӣ, машҳуру зебо ва ба Фаридун ҳамқофия» осон набуд. Ниҳоят Тоҳири Асомиддин якбора даст бардошта диққати дигаронро ба худ ҷалб намуд.
– Ёфтам!– хитоб кард ў хушҳолона. Номи нағзи ба тамоми нуктаҳои шарт мувофиқ, яъне: ғайриоддӣ, машҳур, зебо…
– Наход ба Фаридун ҳамқофия ҳам бошад?– тоқаташ тоқ гардида, пурсид Саидумар.
– Ҳа, – ба ҷиддияти тамом калла чунбонд Тоҳири Асомиддин. – Гуфтам– ку: ба ҳама нуктаҳои шарт мувофиқ.
– Хайр, фаҳмем набошад, – аз хурсандӣ кафи дастҳояшро ба ҳамдигар соид падари бетоқат.
– Не, – гуфт Тоҳири Асомиддин. – Аввал ба тарабхона бурда, зиёфат медиҳӣ, баъд…ҳа, номи нағз ҳам мисли худи фарзанд ба осонӣ пайдо намешавад…
Садумар, ки пушти дасташ сахт буду баҳудаву беҳуда оби шикам намеҷунбонд, хост бо ҳилла муроди худ ҳосил кунад, вале…Тоҳири Асомиддин ҳушёр буд ва ба доми фиреби ў наафтид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё