Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Ва, ҳамин тариқ, ба он кас ҳолати аҷибе рўй дод.
Гўё… ногаҳон аз осмони ҳафтум ба замин фаромада буданд ва аз рафтору кирдори заминиҳо гаранг шуда, ҳар замон оҳанги тааҷҷуб мекарданд.
Мо он вақт намедонистем, ки пули Н. тамом шудаасту одам ҳангоми тангдастӣ бисёр зирак мешавад, яъне ба худу дигарон ба чашми ҳақбин менигарад. Бинобар ин ҳанўз ҳам баумед будему гаштаю баргашта кўшиш ба харҷ медодем, то ҳолати Н. тағйир ёфта, баракати базм напарад. Ҳоло дар ёдам нест, ки кӣ буд, вале кадоме аз ҳамкосаҳо бархоста, аз пешонаи васеи Н. чалап– чалап бўсиду гуфт: «Ширин аст. Аз афт, пешонаи шоирони ҳақиқӣ шўр намешавад!»
Дигаре изҳор дошт: Н. «Ленин»– и шоиронанд ва ба он кас ҳайкал гузоштан лозим.
Ман ҳам хомўш наитода, аз достони шоир боби калонеро хондам.
Аммо…
Музаффар дид, ки кўшиши ман беҳуда асту буҷуламон олчӣ намехезад, инони ташаббусро худ ба даст гирифт.
– Бародарон!– гуфт ў. – Набояд аз хотир баровард, ки ин лаҳзаҳо таърихианд ва дар суҳбати касе мегузаранд, ки ба қавле ниҳоят бузург ҳастанду дар оинаи кўчаки хаёли мо намеғунҷанд.
Музаффар чашми умед ба Н. дўхт. Fолибан, ў гумон дошт, ки аз ин гап он кас чун шер ларзида, меғурранд:
«Мана як даста пул! Гиру ба мағоза рав!. . » Вале ин тавр нашуд. Суханҳои «олиҷаноб»– и Музаффар Н. – ро на фақат ба ваҷд наовард, балки ба рўи он кас пардаи ҳузн кашида, ҳатто, гуфтан мумкин, як дараҷа ғазаболуд намуд.
Ва ў вақте «Шумо шоири забардасти давр» гуфт, сабри Н.
– ро сар рафт, – якбора аз ҷой бархоста, кафи даст ба даҳони Музаффар ниҳоданд.
– Чӣ ин қадар таъриф мекунед? Ман як шоири миёна!.
19. 01. 1996.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё