Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЧАРО ТАР КАРДАНД?

Д. – ро чунин одате буд: ягон суруди рўҳнавоз аз карнаи радио садо диҳад, ҳадаҳа аз ҷой мехест ва ба овозхон чўр шуда, ба ҳавои суруд арғушт мерафт.
Баъзан Д. – ро шавқи дил боло гирифта, дергоҳ наметавонист ба худ ояд, яъне суруд ба охир расида бошад ҳам, вай ором намешуд, – байтҳои онро зери лаб такрор карда, дар ҷои нишаст чун кабўтар қанотак мезад.
Ҳамкорон ба нағмаҳои Д. одат карда буданд ва аз замзамаю ҷастухезҳояш ҳайрон намешуданд…
Ҳоҷӣ Муродро ба шуъбаи мо гузаронданд. Рўви аввали кор ў чанд латифаи обдор гуфта, ба таҳсин сазовор гардид ва рўзи дуюм низ, аз афт, хумори таҳсиншунавиаш гирифту пурсид: оё саломатии мо хуб аст?
– Ҳа, – гуфтем. – Чӣ буд?
– Ҳозир, – мужда расонд ў, – ман латифае нақл хоҳам кард, ки бисёр аҷиб аст. Метарсам, ки мабодо аз ханда рўдакан шавед.
Гуфтем, ки хотирҷамъ бошад, рўдаҳои мо– кормандони собиқадори нашриёт ғафс асту намеканад…
Воқиан , он рўз иди кормандони савдо буд ва мувофиқи дархости онҳо консерт мешунавонданд.
Як вақт яке аз сурудҳои дўстдоштаи Д. аз карнаи радио танин андохт. Ва ў бидуни ихтиёр аз ҷой бархосту мобайни ҳуҷра рафта, ба хиромидану сароидан сар кард.
– Тарк кардам!. . Тарк кардам!..
Муддате чархиду баъд нохост чашми ў ба корманди нави шўъба– Ҳоҷӣ Мурод афтода, ғолибан аз кори худ шарм дошт ва тозон берун баромад.
Ҳоҷӣ Мўрод гаранг шуд. Вай, ки ҳанўз ҷои хандаовари латифаро нақл накарда буд, аз фарти тааҷҷуб гоҳ ба мо менигаристу гоҳ ба дар. Ва гаштаю баргашта мепурсид:
– Аҷабо, барои чӣ он кас тар карданд? Охир, ман ҳоло чавҳари латифаро нагуфтаам– ку!. .

пешина
аз 231
навбатӣ