Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ОВЕЗАҲО

(Қайде чанд аз базме, ки ба хотири таваллуди набера ва шарафмандӣ ба ордени «Шараф»
муовини раиси нашриёти «Адиб» Фарҳоди Карим орост.)

– Меҳмонон, рафиқон, дўстон! Биёед, қадаҳҳоро бардорем.
– Бе сухан?
– Ҳа. Фарҳод берун баромад, кӣ мешунавад суханро?.
– Оҳ, оҳ! Арақи тоза будааст. Резед!
– Резам. Ба куҷо. Охир қадаҳатон пур.
– Аҷаб сода будаед! О ба ҳалқам резед. Ман арақа партофтагӣ.
Садр:
– Ҳоло навбат ба адиби шинохтаи точик, муаллифи қиссаву романҳои марғуб, устоди сухан Сорбон! Он кас суруд мехонанд.
Сорбон:
– Ҳавсалаи сурудхонӣ нест. Ман…
Садр:
– Илтимос, ман– манӣ нашавад!. . .
Овози занона:
– Ин чӣ буд. Арақ? Воҳ, ман об хаёл карда, ҳамааашро нўшидаам!
– Кадом Исмоилро мегўед? Девори Бухороро?
– Ё шишаро ин тараф диҳед, ё дастатонро аз болои зонуям гиред!
– Инсони хуб аст Фарҳод. Вале чӣ илоҷ– орденаш доданд…
– Фарҳод аз ман ду сол калон.
– О, нав вай аз ман ду сол хурд гуфтед– ку?

пешина
аз 231
навбатӣ