Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ИДОМАИ ҲИКОЯҲОИ ДАҲАНАКӢ
ҲАНЎЗ НАРАФТАЕМ
Шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев чанд амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузаронда, аз беморхона баромаданд.
Он рўзҳо як дасти он кас ба гарданашон овезон буд ва бо вуҷуди зўриву тоқатфарсоии дард ҳазл мекарданд, механдиданд.
Кадоме аз ҳамқаламон аз он кас ҳол пурсида, гуфт:
– Хайр, сиҳат шуда рафтед, охир?
– Сиҳат– ку шудем, – хандиданд амак. – Вале ҳанўз нарафтаем…
МАН – ШАҲРВАНД
Дар Эрон аз ҳайати меҳмонони точикистонӣ мепурсанд: «Шумо моли куҷо ҳастед?» Лоиқ Шералӣ ба ҳамроҳони худ ишора намуда, мегўяд:
– Инҳо моли Тоҷикистонанд. Аммо ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам…
ДУРУСТ
Боре дидем, ки Саттор Турсун бо Н– и баду бахил,
беаҳду нотавонбин ва зихнаю хиёнатпеша аз ошхона баромад. Баробари ба мо наздик шудан, Н. лабони кабудрангашро лесидаву шиками бузургашро хорида, гуфт:
– Устод маош гирифта буданд. Андак оби шикамашонро ҷунбондем.
Чизе нагуфтем мо, ҳарчанд аз диламон гузашт: соддагиро бинед, чунин як сухангустари абарқудрат дар интихоби ҳамнишин чӣ андоза оҷиз аст.
Аз байн чанд рўз гузашт. Аснои пешниҳоди асари тозаи Саттор Турсун «Санг дар бағал ба тўфон» ба дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ аксари ҳозирон таъкид намуданд, ки дар қиссаи мазкур муносибати адиб ба сагҳо– чӣ бовафо ва чӣ бевафо– ҷолиб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё