Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, – иқрор шуд ў. – Як ҳафта аст на шаб хоб дорам на рўз…
– Вой бар ҳоли ман!– нидои нохуше баровард Ҳайрат ва ноилоҷ дафтарро кушод.
Табиист, ки мутолиаву қазовати шеърҳои нависанда осон нест. Дере нагузашта, фишори хуни Ҳайрат баланд шуда, чанд ҳаб дору хўрду аз Н. хоҳиш намуд нишонии падарарўсашро бо миқдоре пул диҳад.
– Нишонии падарарўсамро чӣ кор мекунӣ?– бо тааҷҷуб абрў ба ҳам кашид Н.
– Ба завҷаат барқия мефиристам, ки зуд Душанбе омада, адабиёти тоҷикро начот диҳад.
Тааҷҷуби Н. бештар шуд.
– Адабиётро наҷот диҳад. Аз чӣ?
– Аз шеърҳои фачи ту!– табассум кард Ҳайрат.

ИД

Қурбони Аламшоҳ аз Хоруғ омада, тибқи одат моро зиёфат дод. Аз ҳиммату саховати ў сари Н. осмон соида, бо ифтихор гуфт:
– Ҳар омадани Қурбон барои ман ид аст, иди қурбон.
.

АГАР…

Китоби Наҷмиддини Шоҳинбодро нашр кардем. Вақте ў мефаҳмад Қурбони Аламшоҳ озими Душанбест, мегўяд:
– Аҳволи баду рўзи сахтамро ба роҳбарони нашриёти «Адиб» гўй. Агар зудтар ҳаққи қалам нафиристанд, адабиёти тоҷик талафоти калон хоҳад дод…
23 феврали соли 1999

ПИЁЛА КАНӢ?

– Э канӣ вай? Барои чӣ пиёлаи шумо нест?– пурсид
Гурез Сафар аз Н.

пешина
аз 231
навбатӣ