Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Fам нахўр, Аҳмадшоҳ бемориат вазнин бошад ҳам, умри дароз мебинӣ. Ганда мурдан надорад…


– Баъд чӣ шуд?
– Баъд… Дар воқеъ, баъд чӣ шуд, Гурез?
– Ман намедонам.
– Ҳа, баъд «маннамедонам» шуду зуд аз ошхона баромадем…


– Исто, ки Гулназар чӣ гуфт?
– Гулназар гуфт, ки ман чӣ гуфтам.
– Тамом?
– Тамом.
– Хайр, бардоштем…


– Китобата хондам, Аҳмадшоҳ. Маладес! Киоби худама хонда, ин қадар нахандида будам…


Ҷим!. . Дар долон як муфтхўр қадам мезанад…


Фаттоҳ Одина:
– Бори насри муосири точикро аслан даҳ тан мекашанд. Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Саттор Турсуну ҳафт шогирдаш…

НАХОД НАФАҲМӢ?

Гурез Сафар ғазали машҳуреро, ки дар асри 19 иншо шудаасту бо сатри «Fам махўр аз бепулӣ Бепул, ки дарё бепул аст» анҷом меёбад, хонду маънояшро аз Раҷаб Мардон пурсид:
– Наход нафаҳмӣ?– паси сар хорид ў. – Маънояш ҳамин, ки об дар асри гузашта бепул буд, ҳозир– пулакӣ…

МАН ПУРХЎР НЕ

Ошхона. Маслиҳат шуд, ки тухмбирён мехўрем. Ва аз Ҳайрат Шанбезода пурсидем: барои ў даҳтоаш кифоя аст.
– Ман пурхўр не, – гуфт ў бо ифтихор. – Яктааш ҳам мешавад.
– Як тухм?
– Не, албатта, мурғ. . .

АЗ ЁД НАРАФТААСТ

Рўзгори сахту сангин доштем.
– Ҳеҷ гап не, ин рўзҳо мегузаранд, рўзҳои пурфайз фаро мерасанд, – тасаллӣ медод олими қадршиносу дасткушод Абдуҷаббори Раҳмон ва ҳамеша бо ду– се сўм чойпулӣ як ҷаҳон ихлоси мо, муҳарррони камбизоатро мехарид.
Боре ў ба нашриёт омада, ду– се соат нишаст. Вале…
Ҳайрат Шанбезода дид, ки дасти меҳмон ба кисааш намеравад, хавотиоромез ба Н. нигарист. Н. , ки дар чорасозӣ ҳамто надошт, дарҳол гулў афшонда, вирди забон намуд:

Гўӣ бирафт ҳофиз аз ёди шоҳ Яҳё,
Ё раб, ба ёдаш овар дарвеш парваридан!

Сеҳри каломи Хоҷаи лисонулғайб мўшикоф бошад
ҳам, аз чӣ сабаб, ба дили олими ҷавон таъсир накард ва натавонист эҳсосашро ба таҳрик оварад.

пешина
аз 231
навбатӣ