Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
FАМГИН НАШАВ
Бо супориши идораи «Ҷавонони Тоҷикистон» мухбири рўзнома Салими Зарафшонфар ба назди Лоиқ меравад, ки пиромуни кору рўзгори ҷавонон суҳбате кунанд. Устод серкор будааст, – Салим саволномаро ба ў дода, меравад ва баъди як ҳафта боз меояд.
– Ба саволномаат шинос шудам, – мегўяд устод. – Азбаски саволҳо маъқул нашуданд, онро даронда, ба сабадча партофтам. – Сипас нигоҳи маҳзунонаи ўро ба сабадчаи коғазҳои нодаркор пай бурда, ин тавр таскинаш медиҳад. – Fамгин нашав, Салимҷон, саволномаи Баҳманёр ҳам он ҷо хобидааст.
ДАР ҲАВОИ ТОЗА
Дар як суҳбат кадоме гуфт: илми тибб кайҳо собит кардааст, ки ақл дар ҳавои тоза зиёд мешавад.
– Барои ҳамин ҳам ақли сагу хару хук бисёр будааст,
– хандид Ўрун Кўҳзод. – Охир, онҳо ҳамеша дар берун мегарданд.
ОЗОД НЕСТ
Қиссаи мустанади адиби шаҳир Н. нисбат ба қиссаи дигари ў хеле суст буд. Низоъ надошт, ҳодисаву воқиаҳо таҳлил намешуданд, ҷумлаҳо беобуранг буданд ва бадтар аз ҳама, симои қаҳрамонҳо дар хотир намемонд. Хулоса, бовари кас намеомад, ки ин асар маҳсули қалами Н. – муаллифи як қатор қиссаву романҳои марғуб бошад.
– Камбудии асосии асар ҳамин, ки муаллиф дар ифодаи фикр озод нест, – гуфт муҳаррири китоб. яъне парвози хаёлаш гўё дар қафас сурат мегирад.
– Медонед барои чӣ ин тавр? –пурсид Сорбон.
– Не, иқрор шуд муҳаррир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё