Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Барои он ки қаҳрамонҳои асар ҳанўз зинда, – маънодор табассум кард адиб.

ҶОИ ГАП НЕСТ

Аз мунаққид Н. хотири Гулназар бор гирифта буд ва мехост ҷояшро ёфта, ба вай чанд сухани сермурчу қаланфур гўяд.
Боре онҳо дар ҳоҷатхона рў ба рў меоянду Гулназар лаб ҷуфт мекунад. Вале Н. дарҳол ба даҳони ў мўҳр мезанад, ки ин ҷо мабраз аст ва такаллум нашояд.
– Дуруст, – мегўяд Гулназар, – ҷои гап нест. Лекин беҳтарин ҷой аст барои чаконидани заҳр…

СПРАВКА

Ба Ҷамолиддин Каримзода справка лозим буд. Ў чанд бор ба муҳосиби нашриёт муроҷиат кард, вале вай аз чӣ бошад, онро наменавишт.
– Барои чӣ наменависад?– ҳайрон шудем мо.
– Намедонам, – китф барҳам кашид Ҷамолиддин. – Шояд илҳомаш набошад…

ФОНУС

Бахтиёри Муртазо аз китобхонаи миллии Точикистон ба номи Фирдавсӣ китоб гирифтан мехоҳад.
– Фонус биёред, – мегўянд ба ў.
– Фонус барои чӣ?– ҳайрон мешавад адиб.
– Барқ нест, – мефаҳмонанд. – Бе фонус аз таҳхонаи торик китоб ёфтан душвор аст.
Бахтиёри Муртазо ноилоҷ фонус мебиёрад.
Китобро дода, аз адиб хоҳиш менамоянд, вақти баргардонидани китоб низ бо фонус ояд.

пешина
аз 231
навбатӣ