Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Барои чӣ?– боз ҳайрон мешавад ў.
– Охир, бе фонус китобро чӣ тавр дар ҷояш мемонем?!.

АҶАБ НЕ

Дар нашриёт базм шуд. Баъди базм Гулназари сархуш бо духтарон Меҳрӣ (муҳаррири саҳифабандӣ) ва Раъно (коргузори шўъбаи кадрҳо) аз нашриёт баромад.
Рўзи дигар ў изҳор дошт, ки дишаб Меҳриро хоб дидааст.
– Не– е, – бовари Меҳрӣ наомад.
– Рост. Хушҳолу хандон савори троллейбус мерафтаем. Дарвоқеъ, вай ҳам бо мо будааст– коргузори шўъбаи кадрҳо Раъно…
Меҳрӣ хандид.
– Раъно ҳам бо мо бошад, пас ин хоб неву бедорист.
Охир, дина ҳар сеямон дар як троллейбус рафтем.
– Наход?– пешона молид Гулназар. Сипас бо лабҳои ғарқи табассум гуфт: – Аҷаб ҳоле. Дар бедорӣ ҳам хоб мебинам– а?!.

АФСЎС

Зулфия мақолаеро хонда, ба Фарзона мегўяд:
– Оббо, охирзамон наздик будааст– ку!
– Не– е.
– Ҳа. Ба қарибӣ ҳама чиз несту нобуд мешудааст.
Ана, дар рўзнома навиштаанд.
– Одамон чӣ?
– Одамон ҳам…
– Афсўс, – оҳ мекашад Фарзона. – ҳардуямон ҳам бева мемондаем– дия…

пешина
аз 231
навбатӣ