Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, – иқрор шудам ман. Гуфт, ки онро дигар ба касе надиҳам.
– Боз чӣ гуфт?– хандид Иноят.
– Боз гуфт, ки… қалами хуб бояд аз они одами хуб бошад…

БАРОИ ЧӢ?

Арафаи чашни 1100– солагии давлатдории Сомониён ба чанде аз номбардорони илму фарҳанг низ ордени «Шараф» доданд. Кадоме аз олими шинохта Шарофиддини Рустам мепурсад:
Барои чӣ ў дар байни мукофотгирандагон нест.
– Барои он ки «Шараф»– ро ба бешарафҳо медиҳанд,
– табассум мекунад олим.

МЕПАРОНЕД?

Аснои базм Маҳками Ҳоҷиқул (равонаш шод бод!) чанд бор шикамашро молида ба соҳиби хона «мефаҳмонад», ки барои қазои ҳоҷат берун баромаданист. Аммо соҳиби хона ба имову ишораи ў эътибор намедиҳад. Ниҳоят кадоме аз ҳозирон мебинад бесаранҷомии меҳмонро ва мепурсад:
– Ҳа, мепаронед?
– Не, метарконам!– бо қаҳр мегўяд Маҳками Ҳоҷиқул.

БА ХОБИ МАН ДАРОЕД!

Бонуи соҳибчамол Н. ба устод Муъмин Қаноат мегўяд, ки имшаб вай ба хоби ў даромадааст.
– Хушҳол мешудам, – механдад устод Қаноат. – Лекин ин имкон надорад. Зеро хоби ман бисёр кўтоҳ асту зуд бедор мешавам.

пешина
аз 231
навбатӣ