Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Илтимос, ба хоби ман дароед, – хоҳиш менамояд Гулназар, аз чеҳраи зебои Н. чашм наканда. – Хоби ман дурудароз аст!. .
НАМЕДОНАМ
Дар як суҳбат адабиётшинос Н. гуфт, ки китоби нави Гулрухсорро хонд, вале мутаассифона аз он ягон шеъри хонданбобу хотирнишин наёфт.
– Хондед?– оҳанги тааҷҷуб кард Меҳмон Бахтӣ. Зеро медонист: Н. ба мутолиа чандон рағбат надорад ва аз раҳи одат дар рамузи ақидаву баҳои дигарон ин ё он асарро қазоват мекунад.
– Ҳа, – огоҳона калла чунбонд Н. – Гуфтам– ку: калон, аммо боз онро ба мукофот пешниҳод намудаанд…
Меҳмон ба ҳозирон чашмак зада, гуфт:
– Ба назарам, дар он китоб шеърҳои нағз ҳам ҳастанд. Масалан, «Сабза ба ноз»…
Н. ба андеша рафт. Воқиан, дар китоби Гулрухсор чунин шеър набуд ва Меҳмон ба чиҳати мазоҳ ин тавр мегуфт.
– Нахондаам, – ниҳоят иқрор шуд Н.
– Шеъри «Каллаи бемўй» ҳам бад нест.
– Инашро ҳам нахондаам, – ахмирў кард Н. – Чӣ, «Барфи мисли барф сафед» Дурўғ гуфтан чӣ лозим?
Инашро ҳам…
Ин дам тоқати Саидалӣ Маъмур тоқ шуду инони ханда раҳо кард.
– Наход «Баҳои нохалаф»– ро ҳам нахонда бошед?
Ин, ба назарам, яке аз шеърҳои беҳтарин китоб аст!
Н. аз хандаи Саидалӣ як қад парида, шубҳаомез ба ҳозирон чашм андохт. Бо вуҷуди ин нафаҳмид, ки ўро мазоҳ доранд. Ва оҳиста гуфт:
– Рости гап, нахондаам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё