Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БА МАН ЛОЗИМ НЕ!

Дар як суҳбат кадоме гуфт, ки шоири марҳум фалонӣ одами дасткушод буд ва пашшаҳои бисёре дар гирди косааш мегаштанд. Баъди суҳбат шоири навқалам Н. аз куҷое тасмаи паҳни чармӣ ёфта, тамоми пашшаҳои ҳуҷраи корамонро кушт.
Ҳар дафъаи ба нишон расидани тираш, беихтиёр мегуфт ў:
– Ба ман ҳамкоса лозим не!. .

ДУРЎF! ТУҲМАТ!

Сардабири рўзномаи ўзбекии «Совет Тожикистони» –
Ҳоҷӣ Содиқро ба кумитаи марказии ҳизб даъват карда, мегўянд, ки минбаъд бо аҳли қалами рўзнома ош пухта, базм накунанд. Идора ҷои кор аст, на ҷои айшу ишрат.
Ҳоҷӣ Содиқ ваъдаи хаттӣ медиҳад, ки дигар чунин номаъқулӣ нахоҳад шуд. Вале баъди як моҳ…
– Ин чӣ гап домулло!– нохушона пешона турш мекунад котиби кумитаи марказӣ. – Қавл додед, ки дигар…
дар идора ош намепазед. Аммо боз…
– Кӣ гуфт, ки…– паси сар мехорад Ҳоҷӣ Содиқ. – Дурўғ! Тўҳмат!! Аз он рўз мо дигар ош напухтаем, фақат шўрбо мекунем…

БА ПОЯМ…

Дар маҷалаи «Садои Шарқ» романи яке аз адибони шинохтаи тоҷик нашр мешавад. Равшани Ёрмуҳаммад аз Н. , ки ҳамдиёри муаллифи роман будааст, мепурсад:
оё романи фалониро мутолиа намуд.
– Ҳа, – мегўяд лоқайдона Н.
– Хайр, чӣ тавр?

пешина
аз 231
навбатӣ