Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БАРОИ ҲАМИН

Боре ба Ҳисор тутхўрӣ рафтем ва шоҳиди воқиаи ғалатӣ гардидем. Марде ду даст дар пушт менишасту аҳли базм банавбат ба даҳони ў арақ мерехтанд.
Тааҷҷуби маро пай бурда, ҳампаҳлуям гуфт:
– Ин кас қасам хўрдаанд, ки пиёлаи арақро ҳаргиз ба даст нагиранд. Барои ҳамин…
Лаҳзае пас назарам ба шишае афтид, ки бо ресмон боло мекашиданд.
– Он кас ҳам, – ба марди болои дарахт ишора кард ҳампаҳлуям, – қасам хўрдагӣ, ки дар рўи замин арақ наменўшанд. Барои ҳамин…
Вақти бозгашти мо ҳампаҳлуям ба куҷое ғайб зад.
Суроғ кардам. Гуфтанд, ки ба ҷумҳурии ҳамсоя рафт.
– Ба Ўзбекистон?
– Ҳа, – хандиданд. – Вай ҳам аз тоифаи қимобҳо.
Қасам хўрдааст, ки дар хоки Тоҷикистон арақ наменўшад. Барои ҳамин…

БО НИГОҲ ШУНАВЕД

Дар базми шеър кадоме аз шоираҳои навқалам шеър мехонад. Шоира бисёр зебо будааст, – Гулназар тадриҷан шефтаи ҳусну малоҳати ў шуда, ниҳоят инони ихтиёр аз даст медиҳад.
– Баҳ– баҳ, чӣ ашъори дилфиреб!
– Дилфиреб?– аз хитоби шоир як қад парида, оҳанги тааҷҷуб мекунад нафаре, ки дар паҳлуи ў нишаста буд.
– Инҳо шеър не, ҳарза!
– Баръакс, мулло, – розӣ намешавад Гулназар, дар ҳоле, ки аз ғунчаи даҳони шоираи соҳибҷамол чашм намеканд. – Шеърҳои бад нестанд. Шумо онҳоро бо гўш не, бо нигоҳ шунавед!. .

пешина
аз 231
навбатӣ