Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
БАЪД МЕБИНЕМ
Дар ҷаласаи навбатии Иттиҳодияи адибон масъалаи доғи рўз мавриди муҳокима буд. Азбаски суханрониҳо тезу тунд шуданду ба рўи баъзеҳо сурхӣ давид, садри маҷлис бархост ва бо мақсади паст кардани ҳавои даҳони чарбзабонон гуфт:
– Рафиқон, масъалаҳои майда– чуйдаро монед. Бубинед, ҳоло ягон нуқтаи ҷаҳон ором нест. Дар Ангола– ҷанг, дар Никарагуа– ҷанг, дар Афғонистон…Хулоса, дар бисёр нуқоти кураи арз хуни ноҳақ мерезад…
– Гапатон дуруст, – луқма партофт Лоиқ. – Лекин биёед, ҳоло масъалаи ин г…хўриро ҳал кунем. Масъалаи хунхўриро баъд мебинем!. .
ҶОЙ НАМЕРАСАД
Базми шеър идома дошт. Се тан шоира дар саҳна буданду банавбат шеър мехонданд.
Як вақт кадоме пешниҳод намуд, ки мори ҳашметраи Ҷокондаро ба саҳна баровардан лозим, базм боз ҳам ҷолибтар мегардад.
– Лозим нест, – эътироз намуд Зулфия Атоӣ. Ҳаргиз ин корро накунед!
– Барои чӣ?– ҳайрон шуданд дастандаркорон. – Ин на фақат ғалатӣ, балки як навъ рамзӣ ҳам ҳаст. Охир, дар пеш– соли мор…
– Бо вуҷуди ин лозим нест, – табассум кард. – Саҳна танг асту ба мори чорум ҷой намерасад…
БОД ШИКАНЕД
Ин воқиа солҳои шастум дар кўҳистон рух додааст:
нафаре (омўзгори мактаб) дар маъракае бод мешиканад ва баъд аз чанд рўз вайро мудири шўъбаи маориф таъин мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё