Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Воқиа дар воқеъ ҳам ғайриоддӣ ва мароқангез буд. Устод Қутбӣ Киром чашмонашро молида (аз шиддати ҳаяҷон онҳо пуроб шуда буданд), беибо механдид. Нохост дари ҳуҷра боз гардиду тағораи шиками Н. намоён шуд.
Баробари дидани Н. устод лабулунҷашро ҷамъ карда, аз ғаладони миз дафтари шеърҳои вайро баровард.
– Аз шеърнависӣ даст кашед, мулло, – гуфт ў, дар ниҳояти суҳбат бо Н. – Шоирӣ кори шумо набудааст.
Маслиҳати устод беғаразона буд, бо вуҷуди ин… Н. – ро димоғ сўхта, нўки бинӣ сурх шуд ва бо як навъ беэътиноӣ пурсид:
– Хайр, ба фикри шумо бояд чӣ кор кунам?
– Ҳайронам, – андешаманд пешона молид устод.
Баъд якбора хушҳол шуда, айнакашро аз чашм гирифт. – Воқиан, шумо муаллим– а?
– Ҳа…– аз чӣ бошад, дафтари ашъорашро даронд Н.
– Ин тавр бошад, ба ягон ноҳия мудири маориф шавед.
– Мудири маориф?– пораҳои дафтар дар даст оҳанги тааҷҷуб кард Н. – Чӣ тавр?
– Бисёр осон, – номаълум ба ҳозирон чашмак зад устод. – Таоми нофораме хўрда, дар маъракае бод шиканед…

FАЛАТ КАРДАМ

Боре Гулназар аз чойники болои миз пай дар пай ду– се пиёла чой нўшида, бо ифтихор гуфт, ки ин хел чои нағз фақат дар нашриёт, дар ҳуҷраи кори мо ҳаст.
– Не, ғалат кардам, дар хонаи акаи Шараф ҳам ҳаст, – илова намуд ў, аз дар даромадани ҳамсояаш тарҷумони шинохта Шариф Шарафро дида.

пешина
аз 231
навбатӣ