Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ЗЕБОТАР
Дар бахши «Назм»– и ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» чанд намуна аз эҷоди адибони ҷавон ба табъ расида буд. Саидалӣ Маъмур ба онҳо чашм давонда, оҳанги тааҷҷуб кард, ки… чӣ мўҳмалае, тахаллуси ҷавонон аз навиштаҳояшон зеботар аст!. .
НАМАК Ё ШАКАР?
Боре ҳамкори соҳибҷамолу таннози шоир Муҳаммад Юсуф гуфт, ки пояш аз зону поин дард мекунад. Сабаб чӣ бошад?
– Намак ҷамъ шудааст, ҷавоб дод ў.
Занро ҳисси кунҷковӣ боло гирифта, донистан хост:
– Аз зону боло ҳам месўзад. Оё дар он ҷо низ намак ҷамъ шудааст?
– Не, – табассум кард шоир, – дар он ҷо шакар ҷамъ шудагӣ…
ДИПЛОМИ ДУЮМ
Шоирони маъруфи тоҷик– Саидалӣ Маъмур ва Гулназар Келдӣ дўстони деринаанд. Онҳо шарикдарс ҳастанд. Боре Саидалӣ Маъмур гуфт, ки панҷ сол дар донишгоҳ хонда, соҳиби ду диплом гардидааст.
– Якеаш ҳамон ки ҳамаатон медонед, – шарҳ дод ў.
Сипас аз тааҷҷуби ҳозирон завқ бурда, бо ифтихор даст ба китфи Гулназар ниҳод:– Дипломи дуюмам– ана ҳамин…
«МАРГАТ»
Дар долони нашриёт бо Одина Мирак суҳбат доштем. Як вақт аз ҳуҷраи кори муовини раис Фарҳоди Карим устод Лоиқ баромад, ки сархушу болидарўҳ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё