Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

грамматикӣ, муносибати калимаҳои тобеъкунандаву тобеъшаванда ва воситаҳои алоқаи онҳо) ба эътибор гирифта мешавад. Бояд қайд кард, ки муайянкунанда дар грамматикаи забони тоҷикӣ чун анъана аз рӯи як воситаи алоқа ба изофию беизофа ҷудо карда мешавад. Муайянкунандаи беизофа аслан ба ягон навъи алоқаи синтаксисӣ далолат намекунад. Бинобар ин муайянкунандаҳо аз рӯи муносибати муайянкунандаву муайяншаванда ва тарзу воситаи грамматикии ифодаи он ба хелҳо ҷудо кардан лозим аст. Маълум аст, ки муайянкунандаҳо дар забони тоҷикӣ на танҳо бо алоқаи изофӣ, инчунин дар алоқаи ҳамроҳӣ (ин ҳавлӣ, ду даста гул, зеботарин кишвар), вобастагӣ (Раҳимбегимро ягона орзу, ҷонишин оид ба корҳои илмӣ) ба муайяншаванда тобеъ мешаванд. Меъёри асосии таснифоти пуркунанда муносибати амалу объект ба шумор меравад. Ба пуркунандаи суратёфта (бо пасоянди -ро) ва суратнаёфта ҷудо кардани пуркунандаи бевосита ба маънои умумӣ ва ё конкретии предмет ва мавқеи он асос ёфтааст. Чунончи, Ҷамшед китоб хонд ва Ҷамшед китобро хонд гуфтан мумкин, вале Китобро Ҷамшед хонд гуфтан мумкин бошад ҳам, Китоб Ҷамшед хонд гуфтан мумкин нест. Пуркунандаҳои бевоситаи суратёфта ва суратнаёфта аз ҷиҳати ифода ҳам фарқ мекунанд. Пуркунандаи бевоситаи суратёфта бо ҳамаи навъҳои исм, ҷонишин, масдар ва калимаҳои исмшуда ифода мешавад, вале пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта танҳо бо исми ҷинс ва ҷонишини саволии чӣ ифода мегардад ва ҳамеша дар паҳлуи феъл меояд. Исм, ҷонишин ва масдар бо ёрии пешояндҳо ба вазифаи пуркунандаи бавосита омада метавонад. Таснифоти дохилии пуркунанда аз рӯи муносибати амалу предмет воқеъ мегардад. Пешояндҳо барои возеҳ ифода ёфтани он муносибат ёрӣ мерасонанд. Чунончи, пуркунандаҳое, ки объекти муҳокимаро мефаҳмонанд, ба феълҳои нутқ (гуфтан, хондан, фаҳмондан, сухан рондан, нақл кардан, ҳикоя кардан, маъруза кардан, ҳисобот додан, сӯҳбат кардан, маълумот додан, дарс гуфтан, арз кардан, шикоят кардан...) ва ба воситаи пешояндҳои аз, аз рӯи, дар бораи, дар хусуси, дар бобати, дар ҳаққи, доир ба, оид ба ва ғ. алоқаманд мешаванд: Аз рафти кишти пахта ҳам гап заданд. Нотиқон дар бораи тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон маълумот доданд.

Заминаи асосии ифодаи морфологии ҳол зарф аст, вале азбаски миқдори зарфҳо дар забони тоҷикӣ хеле кам аст, иҷрои вазифаи синтаксисии вай ба зиммаи дигар ҳиссаҳои нутқ меафтад. Бинобар ин бо феъли ҳол, исм, масдар, сифат ва воҳидҳои фразеологӣ ифода шудани ҳол маълум аст. Бештар исмҳо ба вазифаи ҳол меоянд, ки ин ба маъноҳои гуногуни луғавии онҳо вобаста аст.

Ҳол аз рӯи вазифа ва муносибати маъноию грамматикиаш бо амалу ҳолат ба хелҳои зерин ҷудо мешавад: ҳоли тарз, монандӣ, миқдору дараҷа, макон, замон, сабаб, мақсад, шарт ва

пешина
аз 312
навбатӣ