Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ва шахс ифода мешавад, хоси ҳама гуна воҳидҳои коммуникативӣ аст.

  1. Дар ифодаи аъзоҳои ҷумла муносибати наздики ҳиссаҳои нутқ бо аъзоҳои ҷудогона аён мегардад. Масалан, мубтадо ва пуркунанда дар навбати аввал бо исм, ҷонишин ва масдар, хабар бо феъл ва ҳол бо зарфу исмҳои замону макон ифода мешавад. Бо вуҷуди ин дар таснифоти аъзоҳои ҷумла ва муайян кардани хелҳои онҳо танҳо ба ҳиссаҳои нутқ такя кардан дуруст нест. Дар ин маврид муносибати синтаксисии аъзоҳои ҷумла низ ба эътибор гирифта мешавад.

Дар сурат гирифтани ҷумла роли сараъзоҳо басо калон аст, вале аъзоҳои пайрав низ дар ин ҷиҳат саҳме доранд. Ҳолҳои замон, макон, сабаб, мақсад ва ғайра на танҳо ба яке аз сараъзоҳо, балки ба мундариҷаи тамоми ҷумла алоқаманд шуда метавонанд ва аз ин сабаб як ҳиссаи созмони ҷумла ба шумор мераванд. Бинобар ин бо ҷудо кардани ҳамаи аъзоҳои ҷумла ба гурӯҳи мубтадо ва хабар таҷзияи синтаксисии хотима намеёбад. Дар забон ҳодисаи ба аъзоҳои пайрав тобеъ шудани аъзоҳои пайрав низ маъмул аст.

Ҷумлаҳои содда баъзан хеле сертаркиб мешаванд: дар дохили ҷумла аъзоҳои чида ва истисноӣ, мухотаб, калимаву ибораҳои туфайли омада метавонанд. Аъзоҳои чида, ки як маркази предикативӣ доранд, ҷумлаҳои соддаро ба мураккаб табдил намедиҳанд. Хабарҳои чида ба як мубтадо муносибати якхелаи маъноӣ ва грамматикӣ дошта, як маркази предикативӣ ҳисоб меёбанд.

Ҷумлаҳо аз рӯи иштироки сараъзоҳо яктаркибаю дутаркиба мешаванд. Таҳлили ҳаматарафи аъзоҳои ҷумла ва муносибати маъноӣ ва грамматикии онҳо дар ҷумлаҳои дутаркиба ба амал меояд. Мувофиқати хабар бо мубтадо на танҳо аз лиҳози аломатҳои грамматикӣ (шахсу шумора), балки аз ҷиҳати маъно ҳам воқеъ мегардад. Дар ин бобат бо кадом категорияҳои лексикию грамматикии калимаҳо ифода шудани мубтадо аҳамият дорад. Категорияи шахсу ғайришахси исм маҳз дар ҳамин ҷо эътибор пайдо мекунад; мубтадо бо исмҳои шахс ифода шуда бошад, мувофиқати пурра, вале бо исмҳои ғайришахс мувофиқати пурраю нопурра зоҳир мекунад. Ҳангоми бо исмҳои ҷомеъ ифода шудани мубтадо низ исми шахсу ғайришахс ба ҳисоб гирифта мешавад.

  1. Аъзоҳои пайрави ҷумла аз рӯи он ҷиҳатҳо тасниф карда мешаванд, ки бо ҷузъи эзоҳшаванда чӣ гуна муносибати маъноӣ ва грамматикӣ доранд, онро аз кадом ҷиҳат эзоҳ медиҳанд ва бо кадом ҳиссаи нутқ ифода гардида, бо кадом воситаи грамматикӣ алоқаманд шудаанд. Албатта, мавқеи ҳамаи омилҳои зикршуда дар таснифоти аъзоҳои пайрав як хел нест.

Аъзоҳои пайрав аз рӯи аломатҳои боло ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: муайянкунанда, пуркунанда ва ҳол. Ҳангоми муайян кардани хусусиятҳои синтаксисии ҳамаи омилҳо (лексикию

пешина
аз 312
навбатӣ