Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

(ба ҷои исмҳои таркибии ҷумлаи якум омадани ҷонишинҳо, бандакҷонишинҳо, ҳиссачаҳо ва калимаҳои дигари ишоратӣ) ва интонация иштирок менамоянд, ки вазифаи ҳамаи онҳоро ба ҳисоб нагирифта, муносибатҳои маънову грамматикии ҷумлаҳо, алоқаи дутарафаи онҳоро таъин кардан имконнопазир мегардад.

  1. Ҷумлаҳои соддаи таркибии ҷумлаҳои мураккаби пайвастро одатан мустақил ва баробарҳуқуқ меноманд. Ин хулоса аз муқоисаи ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо ҷумлаҳои мураккаби тобеъ баромадааст, чунки бар хилофи ҷумлаҳои мураккаби пайваст дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ тобеияти ҷумлаи пайрав ба сарҷумла басо барҷаста зоҳир гардида, ҷои ҷумлаи пайрав тобеияти вайро тағйир намедиҳад.

Дар таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст ҷумлаи якум озод аст, вале ҷумлаи дуюм мувофиқи мазмун ва тақозои ҷумлаи якум шакл гирифта, ба вай як андоза вобаста аст. Дар ҷумлаи дуюм такрори баъзеи аъзоҳои ҷумлаи якум, омадани ҷонишинҳо ва таркибҳои ҷонишиние, ки ба ягон аъзо ё ки тамоми ҷумла ишора мекунанд, низ имконпазир аст. Муносибати ҷумлаҳо на танҳо ба шакли ҷумлаи дуюм, балки ба сохти умуман ҷумлаи мураккаби пайваст таъсир мерасонад.

Маълум аст, ки муносибати ҷумлаҳои соддаи таркибии ҷумлаи мураккаби пайваст як хел нест. Пайвандакҳо ҳам воситаи алоқа ва ҳам нишондиҳандаи муносибати ҷумлаҳои содда ба шумор мераванд. Аммо дар муайян намудани муносибати ҷумлаҳое, ки бо пайвандакҳои паиҳам алоқаманд шудаанд, эҳтиёт кардан лозим аст, чунки дар ин гуна ҷумлаҳо ҳамаи муносибатҳои синтаксисиро дарёфтан мумкин аст. Масалан, ба воситаи пайвандаки ва ҷумлаҳое алоқаманд мешаванд, ки ҳам муносибати ҳамзамонию паиҳамзамонӣ, ҳам муносибати сабабу натиҷа, ҳам муносибати хилофӣ ва ҳам муносибати ҳамроҳиро ифода карда метавонанд.

Ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва ҷумлаҳои соддаи чидааъзо аз ҷиҳати имконияти дар таркибашон омадани ҷумлаҳои содда ва аъзоҳои ҷумла ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: кушода ва баста. Ҷумлаҳои бепайвандак бештар кушода мешаванд, чунки дар таркиби онҳо ду ва зиёда ҷумлаҳои содда ва аъзоҳои якхела нисбатан зиёдтар мушоҳида мешавад. Ҷумлаҳои кушода ва баста дар ҷумлаҳои пайвандакдор барҷаста зоҳир мешавад. Ҷумлаҳои пӯшида бештар ҷумлаҳоеро фаро мегиранд, ки муносибати хилофӣ, қиёсӣ ва сабаб-натиҷа доранд. Дар таркиби ин гуна ҷумлаҳо ҳиссачаҳои маҳдудӣ, калимаҳои инкорӣ, антонимӣ меоянд. Дар аввали ҷумлаҳои пӯшида интонация тадриҷан боло рафта, дар ҳиссаи дуюм паст мешавад.

Мубоҳиса дар атрофи масъалаҳои ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, таснифоти ҷумлаҳои пайрав, якаъзоӣ ва дуаъзоии ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, муносибати ҷумлаи пайрав бо аъзоҳои ҷумла дар забоншиносӣ давом дорад. Дар ҷумлаҳои мураккаби

пешина
аз 312
навбатӣ