Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тобеъ яке аз ҷумлаҳо аз ҷиҳати маъно ва структура ба дигаре тобеъ мешавад ва ин тобеият бо ёрии воситаҳои гуногуни грамматикӣ сурат мегирад. Сарҷумлаҳу ҷумлаи пайрав аз рӯи маънои вазифа ва мавқеи синтаксисии ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ муайян карда мешавад.

Пайвандакҳои тобеъкунанда воситаи асосии алоқаи ҷумлаи пайрав ба сарҷумла буда, дар таснифоти ҷумлаҳои пайрав низ ёрӣ мерасонанд. Калимаҳои ҳамнисбат аъзои ҷумла ба шумор мераванд, онҳо ба вазифаи сараъзо ва аъзоҳои пайрави ҷумла меоянд. Калимаҳои ҳамнисбат дар алоқаи сарҷумлаву ҷумлаи пайрав ва таснифоти ҷумлаҳои пайрав ёрӣ мерасонанд. Калимаҳои ҳамнисбат маънои умумӣ ва ишоратӣ дошта, омадани ҷумлаи пайравро ногузир мегардонанд ва маънои конкретии онҳо ба воситаи ҷумлаи пайрав ошкор мешавад.

Ба вазифаи калимаҳои ҳамнисбат бештар ҷонишинҳои ишоратӣ истифода мешаванд, вале ҳама гуна ҷонишини ишоратии таркиби сарҷумларо бо ҷумлаи пайрав ҳамвазифа пиндоштан дуруст нест. Ҷонишинҳо бештар ба калимае ишора мекунанд, ки дар ҷумлаҳои гузашта истифода шудаанд. Дар таркиби сарҷумла метавонад ду ҷонишини ишоратӣ ояд, ки яке ба ҷумлаи гузашта ишора кунаду дигаре ба ҷумлаи пайрав: Инро ман аз ҳамин ҳис кардам, ки ӯ дар вақти харид ҳисобҳо ва нархи чизҳоро аз ман пинҳон мекард ва дар вақти ҳисобӣ бо хӯҷаин онҳо тезу тунд мешуданд (С. Айнӣ).

Дар таҳлили ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ба муносибати синтаксисӣ ва лексикии на танҳо сарҷумлаву ҷумлаи пайрав, инчунин унсурҳои ҷудогонаи забон: муносибати калимаҳои ҳамнисбат ва пайвандакҳо, муносибати калимаҳои ҷудогонаю пайвандакҳо (қариб... буд, ки..., ҳанӯз... буд, ки...), муносибати исму ҷонишинҳои ишоратӣ (одаме, ки онро, одамоне, ки онҳоро, мактабе, ки дар он ҷо ва ғ.), муносибати ҷонишинҳо (ҳар қадар... ҳамон қадар) махсус эътибор додан лозим аст. Ин тарзи таҳлил бо нишон додани моҳияти семантикӣ маҳдуд нашуда, ба кушодани механизми сохти ҷумлаҳо ва алоқаи синтаксисии онҳо имконият медиҳад. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳар як ҷумлаи пайравро аз рӯи қолибҳо ба гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст: 1) ҷумлаи пайраве, ки танҳо ба воситаи пайвандакҳои синтетикӣ тобеъ шудаанд (чун, чунки, агар ва ғ.); 2) ҷумлаҳои пайраве, ки бо пайвандакҳои аналитикӣ омадаанд; дар ин гуна ҷумлаҳо пайвандакҳои аналитикӣ вобаста ба муносибати ҷумлаи пайраву сарҷумла вазифаҳои гуногунро адо мекунанд, гоҳо аз он ба куллӣ фарқ мекунанд, чунки ин пайвандакҳо аз қисм иборат буда, ҳиссаи номии онҳо вазифаи аслии худро адо кунад, пайвандак ҳамчун воситаи грамматикӣ хизмат менамояд: пеш аз он ки, баъд аз он ки, дар ҳолате ки, дар вазъияте ки, аз сабаби он ки, ба мақсади он ки, қатъи назар аз он ки, мисли он ки ва ғ.; 3) дар таркиби сарҷумла истифода шудани калимаи ҳамнисбат: барои он омадам,

пешина
аз 312
навбатӣ