Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ни аъзоҳои ҷумлаи пайрав низ меояд: Латоқат ки кампири барҷомонда буд, наберааш аз назди ӯ дур намешуд («Машъал»).

Тартиби калима. Тартиби калима чун воситаи грамматикӣ дар ташкили ҳамаи навъҳои ибора иштирок менамояд, вале доираи он дар ибораҳои феълӣ васеътар аст. Ҳам дар ибораҳои феълӣ ва ҳам дар ибораҳои номиву зарфӣ калимаи тобеъ пеш аз калимаи асосӣ меояд. Бо ин усули алоқа ба феъл зарф, сифат ва исмҳои ифодакунанди муносибат (имрӯз омадан, зуд рафтан, тез хондан, хуб ҷавоб додан, тобистон дидан, шаҳр рафтан), ба исм ҷонишинҳои ишоратӣ, шумораҳои миқдорӣ, калимаҳои ифодакунанди миқдор ва сифати аслӣ (ин асар, он одам, ҳамин кор, чор китоб, панҷ дафтар, се дона себ, зеботарин рақс), ба сифат ва зарф зарфҳои дараҷа (бисёр зебо, ниҳоят мушкил, андаке кам, хеле далерона, басо нотарсона) тобеъ мешаванд.

Тартиби калима барои муайян намудани вазифаи синтаксисии аъзоҳои ҷумла ёрӣ мерасонад. Чунон ки ишора шуд, хабарҳои номӣ бар хилофи хабарҳои феълӣ бе бандаки хабарӣ низ омада метавонанд. Дар ҷумлаҳое, ки ҳам мубтадо ва ҳам хабар бо исму ҷонишин ва масдар ифода шудаанду хабар бе бандаки хабарӣ омадааст, дар муайян намудани сараъзоҳои ҷумла роли тартиби калима калон аст, чунки дар нутқи муқаррарии забони тоҷикӣ хабар ҳамеша дар охир меояд. Мувофиқи ҳамин қоида дар ҷумлаҳои зерин калимаю ибораҳои якхела дар як ҳолат мубтадо ва дар ҳолати дигар хабар шудаанд:
Падарам — коргар. Коргар — падарам. В. И. Ленин — доҳии пролетариати ҷаҳон. Доҳии пролетариати ҷаҳон — В. И. Ленин.
Сулҳ — орзуи мо. Орзуи мо — сулҳ. Вазифаи мо — хондан. Хондан — вазифаи мо. Бародари ман — ту. Ту — бародари ман.
Албатта, аз ҷиҳати ифодаи маъно ва маркази коммуникационӣ он ҷумлаҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Дар нутқи мӯътадил маълумоти нав дар ҳиссаи дуюми ҷумла меояд. Дар ҷумлаҳои соддаи дутаркибаи забони тоҷикӣ таркиби мубтадо одатан факти маълум — темаро, ташкили хабар факти тоза ва муҳим — ремаро дар бар мегирад: Ба мактаби деҳаи дурдаст (т) муаллими нав омад (р). Вай (т) муаллими суруд буд (р). Муқоиса: Муаллими нав (т) ба мактаби деҳаи дурдаст омад (р). Дар забоншиносии умумӣ дар таҳзияи маънои истилоҳоти тема ва рема истифода мешавад. Тема факти маълумро, рема маълумоти навро дар бар мегирад. Масалан, дар ҷумлаи Падарат аз саёҳат кай меоянд ба саёҳат рафтани падар маълум аст, ки он тема мебошад, кай омадани падар маълум нест, бинобар ин маркази ахбор, яъне рема ба шумор меравад. Вобаста ба ҳамин дар ҷумлаи зерин ҳам, ки ҷавоби ҷумлаи мазкур аст, ҳоли замону хабар рӯзи якшанбе меояд рема мебошад: Падарам аз саёҳат рӯзи якшанбе меоянд.

Ин қоидаи тартиби муқаррарии калима аст. Аммо дар забон
тағйир ёфтани тартиби муқаррарии аъзоҳои ҷумла низ дида

пешина
аз 312
навбатӣ