Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

шумор рафтани забони тоҷикӣ зам карда шавад, қимат ва аҳамияти омӯхтани ибора, ҳамчун воҳиди махсуси синтаксиси забонамон, боз ҳам меафзояд. Ба ин маъно, омӯхтани ҳалҳои ибора, шаклҳо ва қоидаҳои ташкил ёфтани он қисми зарурии таълимоти грамматикиро ташкил медиҳад.

МУНОСИБАТИ ИБОРА БА КАЛИМА ВА ҶУМЛА

Дар боло вобаста ба шарҳи муҳимтарин хусусиятҳои ибора, баракси калима, аз ду воҳиди луғавӣ, яъне аз ду калима сохта шуда, барои ифодаи мафҳумҳои мураккаби ба ҷузъҳо ҷудошаванда хизмат кардани ибора гуфта шуд. Дар қатори фарқҳои асосии ибора аз калима боз ҳаминро низ қайд кардан лозим аст, ки дар таркиби ибора калимаҳо ҳатман алоҳида воқеъ мегарданд. Ҳамин ки онҳо бо тақозои қонунҳои забон ба ҳам якҷоя шуданд, чун қоидаи умумӣ аз ибора, яъне воҳиди синтаксисӣ, соқит шуда, ба калима, яъне воҳиди лексикӣ-морфологӣ, табдил меёбанд. Инро дар мисоли ибора ва калимаҳои зерин равшан мушоҳида намудан мумкин аст: оби-гул — гулоб, пораи оҳан — оҳанпора, бор бор кардан — борборкунӣ, китоб хондан — китобхонӣ ва м. инҳо.

Ибораҳои синтаксисӣ ҳамеша ба воҳидҳои лексикию морфологии забон таъсир расонида, бо имкониятҳои бепоёни худ барои пайдоиши калимаҳои мураккаб ва ибораҳои фразеологӣ замина мегузоранд. Ин ҳодиса ба яке аз қонунҳои умумии тараққии забон — майли доимии вай дар бобати ҳарҷи муъҷаз шудани тарзи ифода марбут аст.

Калимаҳое, ки аз рӯи ягон қоидаи грамматикӣ дар як ҳайат муттаҳид омадаанд, на ҳамеша ибораҳои синтаксисиро ташкил медиҳанд. Як қисми чунин ҳодисаҳои забонӣ ба фразеология дахлдоранд. Қисми дигарашон феълҳои таркибиро фаро мегиранд, ки дар онҳо ҳиссаи феълӣ мустақил набуда, балки ҳамчун калимаи ёридиҳанда воқеъ мегардад. Чунончи, кор кардан, тоза кардан, баҳравар гаштан, озод шудан, тамошо кардан, роҳ рафтан ва м. инҳо. Дар мисолҳои мазкур, чунон ки мебинем, дар байни ҷузъҳои таркиби феълӣ муносибати синтаксисӣ, яъне ба калима тобеъ ё вобаста будани калимаи дигар, вуҷуд надорад. Аз ҳамин сабаб онҳо якҷоя як вазифаи грамматикиро адо намуда, як мафҳумро ифода менамоянд.

Ибораро бо таркиб низ як чиз донистан дуруст нест: ибора танҳо дар хусуси алоқамандшавии калимаҳои мустақилмаъно баҳс мекунад. Таркиб алоқамандшавии ҳама гуна калимаҳо — пешоянду исм (дар хона, аз хона, пеши хона, рӯи бом), исму феъли ёридиҳанда (дӯст доштан, ғалаба кардан), калимаҳои ҷуфт ва такрорро (тоҳту тоз, оҳиста-оҳиста) дар бар мегирад.

Ибора ҳам, ки монанди калима хусусияти номинативӣ дорад, вазифаи коммуникативиро танҳо дар ҷумла ва ба воситаи

пешина
аз 312
навбатӣ