Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

менамояд. Инро дар қиёси ду ҷумлаи зерин равшан мушоҳида намудан мумкин аст: Андешаи додарам дуруст баромад; Аммо агар андешаи додарам Мухтор намебуд, эҳтимол, ман бо вуҷуди ин ҳама мамониятҳо мегурехтам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Муносибати маъноии ибора на танҳо ба мансубияти онҳо ба ҳиссаҳои нутқ, балки ба маънои лексикии чӣ ҷузъи асосӣ ва чӣ ҷузъи тобеъ низ алоқаманд аст. Чунончи, дар ибораҳои бо падар гап задан, бо завқ гап задан ҷузъи тобеъкунандаи ибора — феъл як хел бошад ҳам, аз сабаби фарқ кардани исмҳои ҷузъи тобеъ аз ҷиҳати маъно, ибораҳо муносибатҳои гуногуни маъноиро ифода кардаанд — дар ибораи якум муносибати пуркунандагӣ, дар дуюм муносибати ҳолӣ ифода ёфтааст.

Аз ҳамин ҷост, ки дар баъзе ибораҳо, сарфи назар аз гуногунии хели онҳо калимаҳои асосӣ, тобеъкунанда ба ҳиссаҳои гуногуни нутқ тааллуқ дошта бошанд ҳам, бо ҳам умумияти маъноӣ зоҳир менамоянд: падарро дидан — дидани падар, бо рафиқон вохӯрдан — вохӯрӣ бо рафиқон.

Ин ҷо калимаҳои тобеъкунандаи ибораҳои номӣ, ки аслан феъланд, хусусияти феълии худро барҳам надодаанд. Аз ҳамин ҷост, ки онҳо муносибати объектиро ифода менамоянд. Ин маъни аз он ҷо бармеояд, ки онҳо дар ибораҳои феълӣ низ чунин маъни доранд. Дар ибораҳои номӣ бошад, муносибати пуркунандагӣ бо роҳи фаро гирифтани тобиши муайянкунӣ ифода гардидааст.

ХЕЛҲОИ АЛОҚАИ СИНТАКСИСӢ
ВА ТАРЗИ ИФОДАИ ОНҲО ДАР ИБОРА

Чунон ки дар боло гуфта шуд, калимаҳои таркибии ибора ва ҷумла байни худ алоқаи грамматикӣ доранд. Алоқаи байни калимаҳо дар таркибии ибора алоқаи тобеъ ба шумори меравад. Ин алоқаи тобеъ се хел мешавад: изофӣ, вобастагӣ, ҳамроҳӣ. Интихоби яке аз хелҳои алоқа ба табиати морфологии калимаҳои таркибии ибора — чӣ калимаи асосӣ ва чӣ калимаи тобеъ— марбут аст.

Алоқаи тобеъ дар забони тоҷикӣ бо ёрии воситаҳои зерини грамматикӣ сурат меёбад.

  1. Ба воситаи бандаки изофӣ, ки махсуси алоқаи изофӣ буда, барои ташкили ибораҳои номии изофӣ хизмат мекунад: девори баланд, барги сабз, идораи колхоз, мани бечора, офтоби пешин, хонаи мо.

  2. Ба воситаи пешояндҳо, ки асосан дар сохтани ибораҳои феълӣ иштирок мекунанд: ба кор рафтан, дар ҳавлӣ истодан, дар тирамоҳ пухтан, аз пагоҳ то бегоҳ нишастан ва ғайра. Баъзе пешояндҳо — чӣ аслӣ ва чӣ таркибӣ — барои сохтани ибораҳои номӣ низ хизмат мекунанд: гулгула дар шаҳр, вохӯрӣ

пешина
аз 312
навбатӣ