Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
дар курорт, мулоҳизаҳо роҷеъ ба исм, баёнот дар бораи сулҳ, мулоқот бо Айнӣ ва амсоли инҳо.
- Ба воситаи пасояндҳо: а) бо пасоянди «-ро», ки асосан барои сохтани ибораҳои феълӣ хизмат мекунад: шаҳрро тамошо кардан, модарро истиқбол намудан, боғро давр задан ва дигарҳо.
Пасоянди «-ро» гоҳо дар ташкили ибораҳои номӣ низ истифода мешавад. Дар ибораҳои номӣ вай синоними изофат буда, мисли муродифи худ, мансубиятро нишон медиҳад. Фақат фарқ дар ин ҷост, ки дар ибораҳое, ки бо «-ро» сурат ёфтаанд, ҷузъи тобеъ — муайянкунанда қабл аз муайяншаванда воқеъ мешавад: Темурмаликро ақида — ақидаи Темурмалик, занро ном — номи зан ва амсоли инҳо: Темурмаликро ақида ин буд, ки зану фарзанди худаш ҳам дар қатори чандин ҳазор зану фарзанди ҳамватанонаш дар қатли оми чингизиён талаф шуда рафтаанд (С. Айнӣ). Иброҳимҷонро даст ба ногоҳ ларзид (Ф. Муҳаммадиев).
б) бо пасояндҳои барин, боз ва ғ.: тир барин рафтан, дер боз маҳрум мондан, чанд вақт боз мунтазир будан.
Бандаки изофӣ ва баъзе аз пешояндҳо дар ташкили ибораҳои ҳаммаъно гоҳо ба тарзи мувозӣ истифода мешаванд. Ин ҳам ҳангоми ба ибораҳои номӣ табдил ёфтани ибораҳои феълӣ бештар ба назар мерасад, ки дар натиҷа вазифаи грамматикии бандаки изофӣ низ вусъат ёфтааст: муаллимро дидан — дидани муаллим, боғро сайр кардан — сайри боғ, сафари Бухоро — ба Бухоро сафар кардан.
ҚОИДАИ ТАШКИЛИ ИБОРА
Дар боло гуфта шуд, ки ибора аз ду калима, ки яке асосӣ буда, дигаре ба он тобеъ аст, ташкил меёбад. Аммо ба ҳам пайвандшавии калимаҳо дар ибора тасодуфан воқеъ нашуда, аз рӯи қоидаҳои махсус, ки навъҳои гуногуни таъсири ҳамдигарии вазифаи синтаксисӣ ва маънои лексикии калимаро инъикос менамоянд, ба амал меояд.
Дар ташкили ибора, сурат ёфтани тарҳи он, пеш аз ҳама мансубияти калимаи асосӣ ба ин ё он ҳиссаи нутқ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дараҷа ва имконияти алоқаи калимаҳо дар ибора маҳз ба он вобаста аст, ки калимаи асосӣ ба кадом гурӯҳи лексикию морфологӣ тааллуқ дорад. Агар аз ин нуқтаи назар тарҳи ибораҳои забони тоҷикӣ аз назар гузаронида шавад, маълум мегардад, ки онҳо таърихан аз рӯи имкониятҳои тафсилёбии ҳиссаҳои мустақили нутқ сурат ёфтаанд. Масалан, исм дар забони тоҷикӣ одатан бо сифат, сифати феълӣ, шумора ва ҷонишин тафсил меёбад. Чӣ бо ёрии воситаҳои алоқаи синтаксисӣ ва чӣ бе онҳо алоқаманд шудани ҷонишин ва исм бо феъл махсуси ибораҳои феълист.
Ҳар як калимае, ки маънои мустақил дорад, аксаран ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё