Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

моро ба хоначаи назди казарма даровард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо)... Ҳамсафар бо бодҳои... дар шитоб (М. Фарҳат, Мавҷҳо).

Эзоҳ. Ин ҳодиса дар забони мо нав нест. Мо онро дар осори классикони адабиётамиз низ дучор мекунем. Масалан:

Агарчи оби гул пок асту хушбӯй
Набошад ташнаро чун оби дар ҷӯй.

(Фахриддини Гургонӣ)

Дар давраҳои минбаъдаи тараққии забони адабӣ ин тарзи иборасозӣ дар забонамон хеле инкишоф ёфтааст.

  1. Исми ибора ё таркибҳои он, ки аз пешоянду пасоянд иборатанд, бо гирифтани суффикс ба сифатҳо табдил меёбанд. Дар баъзе ҳолатҳо дар ин маврид аз қолаби ибораҳои исм бо сифати феълӣ сохта шудааст. Чунончи, ҷӯйҳои сарироҳӣ — ҷӯйҳои дар сари роҳ буда, касони пасидарвозагӣ — касони дар паси дарвоза будагӣ, аробаҳои сари роҳӣ — аробаҳои дар сари роҳ буда, зани фаранҷидор — зани фаранҷӣ дошта ва м. ин: Ҷӯйҳои сарироҳӣ ҳам дамида баромада бо пулҳо ва роҳҳо ҳамрӯй шуда буданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ман як бори дигар тақ-тақ кардам, лекин ин бор аз бори аввал пасттар ва ба дараҷаи, ки касони пасидарвозагӣ мешуниданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Аз роҳрав як зани фаранҷидор... бо рӯи кушода даромада омад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Дар ривоҷи тарҳу қолиб ва мундариҷаи ибораҳои номии исмӣ махсусан таъсири ибораҳои феълӣ калон аст. Дар забонамон бисёр ибораҳои исмӣ вомехӯранд, ки бо вуҷуди ғайри феъл будани калимаи тобеъкунандаашон дар ифодаи муносибатҳои грамматикӣ бо ибораҳои феълӣ баробар меоянд ё худ маъниҳои бо онҳо наздикро дар бар мегиранд. Ин қабил ибораҳо, сарфи назар аз муносибати якхелаи маъной бо ибораҳои феълӣ, ба гурӯҳи ибораҳои феълӣ дохил намешаванд, зеро ҷузъи тобеъкунандаи онҳо феъл нест, балки масдар ё исми амал аст, ки аз ҷиҳати ифодаи маънӣ бо феъл мутобиқат дорад.

Исм ва масдари тобеъкунандаи ибораҳои гурӯҳи мазкур бо феълҳои содда ва феълҳои таркибии номии гуногун алоқаманд буда, онҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:

  1. Исм ва масдарҳое, ки ба феълҳои гузаранда нисбат доранд. Ин хусусият ба калимаҳои мазкур имконият медиҳад, ки пуркунандаҳоеро, ки тобиши муайянкунандагӣ доранд, тобеъ намоянд. Аммо фарқ дар ин ҷост, ки онҳо на ба воситаи пасоянди -ро ё бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ, балки бо бандаки изофӣ, ки махсуси ибораҳои номист, сурат меёбанд. Аз ҳамин сабаб тафовути ин ибораҳо бештар дар шакл — қолиби онҳо зоҳир мегардад. Чунончи: китобро хондан — хондани китоб, хатро хондан — хондани хат, шаклро
пешина
аз 312
навбатӣ