Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тағйир додан — тағйири шакл, қарзро адо кардан — адои қарз ва амсоли инҳо.

Ҳиссаи тобеъкунанда дар ин қабил ибораҳо се хел мешаванд:

а) масдар: хондани китоб, дида баромадани шаҳр;

б) исму масдар: кор фармудани луғатҳо, манъ намудани шоҳзодагон ва м. ин: Аз ин гувоҳии Бобур маълум мешавад, ки Навоӣ дар кор фармудани луғатҳои туркӣ ва забони зиндаи ӯзбеки замони худ дур нарафта будааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ӯ нуфуз ва эътибори ба дарбор доштаи худро барои манъ намудани шоҳзодагони темурӣ аз ҷангҳои хунрезони байниҳудӣ... сарф менамуд (С. Айнӣ, Куллиёт);

в) исм: ривоҷи забон. Ин ҳол бештар бо исмҳое рӯй медиҳад, ки худ исми амал буда, бе масдар ҳам протсесси амалро ифода мекунанд. Ибораҳои исмии таслими Наршах, мудофиаи ватан, ташаккули Ғазнавиён дар мисолҳои поён ба ҳамин қоида мансубанд. Баъд аз таслими Наршах ва кушта шудани бисёре аз сафедҷомагон, исёни Суғди Самарқанд фурӯ нишонда шуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ӯ дар бораи мудофиаи ватан шеърҳои ҳаяҷоновар ва ғайратбахш дорад (С. Айнӣ, Куллиёт). ...Дар вақти протсесси инқирози Сомониён ва ташаккули Ғазнавиён... якчандсола вуқуи фосила табиист (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ибораҳое, ки ҷузъи тобеъкунандаашон исм ва исму масдар аст, дар шакли мувозӣ истифода мешаванд. Инро дар мисоли ибораҳои табдили хонадон ва табдил ёфтани хонадони ҷумлаҳои зерин равшан мушоҳида намудан мумкин аст: Ин исён дар соли 750 (132 ҳиҷрӣ) бо табдил ёфтани хонадони хилофат аз Умавиён ба Аббосиён фурӯ нишаст (С. Айнӣ, Куллиёт). Аммо ин табдили хонадон на танҳо ба оммаи халқ, ҳатто ба сардори исён — Абумуслим ҳам фоидае нарасонд (С. Айнӣ, Куллиёт).

  1. Исмҳое, ки ба феълҳои мондаи ибораҳои феълӣ нисбат доранд. Ин исмҳо ҳол ва пуркунандаҳои бавоситаро бо тобиши муайянкунандагӣ тобеъ менамоянд.
    Аммо фарқ дар он аст, ки ин ҳол ва пуркунанда на бо пешояндҳо, балки ба воситаи бандаки изофӣ ба ҷузъи асосии ибора тобеъ мешаванд. Аз ин ҷост, ки бандаки изофӣ дар чунин ибораҳо ба вазифаи пешояндҳои гуногун воқеъ мешавад.

а) Ба вазифаи пешоянди ба: Ҳама хурсандона мунтазири фармоишоти устод шуда гӯшу чашмро ба ӯ дӯхтанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Касоне, ки сафари Ҳиндустон кардани ӯро инкор мекунанд, ба ҳамин ҳодиса такя кардаанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Сабр кун, шояд ту мӯҳтоҷи ёрмандии бошӣ (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

б) Ба вазифаи пешоянди бо: Дар саҳни ҳавлиҳои поён... як
тӯда бачагони хурдсол машғули бозӣ буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Вақте ки мо саргарми сайри боғ будем, устод

пешина
аз 312
навбатӣ